МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
«Таҷдиди нахустзабони ҳиндуаврупоӣ то ҳол мақсади асосӣ ва марказии забоншиносии муқоисавӣ буд, - менависанд ҷавонграмматикҳо, - аз ин рӯ, диққати асосиро ҳамеша ва дар ҳамаи тадқиқотҳо ба нахустзабон медоданд... Ба инкишофи минбаъдаи забонҳо хунукназарона нигоҳ мекарданд ва онро ҳамчун давраи таназзул, вайроншавӣ ва пиршавӣ шуморида, далелҳои он то имкон ба эътибор гирифта намешуд». Ҷавонграмматикҳо ба муқобили ин ақида, ба муқобили махсус флексияро (ва ба эътибор нагирифтани воситаҳои дигари ифодаи грамматикӣ) ҳамчун ҷараёни ягонаи тараққиёти морфологии забонҳо шуморидан ва инчунин ақидаи Ҳумболдт доир ба «руҳи халқ» шуморидани забон баромаданд.
Камбудии асосии тадқиқотчиёни ҷараёни натуралистӣ ва мантиқӣ дар омӯзиши забонҳои ҳиндуаврупоӣ, - ба фикри ҷавонграмматикҳо, - аз ҳад зиёд омӯхтани худи забон, вале ниҳоят кам эътибор додан ба нотиқ мебошад, гӯё забон дар алоҳидагӣ, бе одамон вуҷуд дошта бошад, ҳол он ки шахс офарандаи забон аст.
Барои донистани забон, яъне нутқи инсон, қобилияти сухандонии вай, забонҳои қадимаи Европаро омӯхтан ва барқарор намудани шакли пешинаи он шарт нест, - мегӯянд Остгоф ва Бругман. Бояд забонҳои зиндаи ҳозира ва лаҳҷаҳои онро тадқиқ намуд ва аз он унсурҳои психологиро пайдо кард. Онҳо муқобили омӯзиши назариявӣ ва хушку холии (аз рӯйи коғаз) шаклҳои қадимаи забонҳои ҳиндуаврупоӣ буданд. Мувофиқи гуфтаи асосгузорони ин ҷараён – Остгоф ва Бругман – механизми нутқи инсон ду тараф дорад: психикиву физикӣ. Онҳо муқобили соф физикӣ шуморидани нутқ буда, ба ҷиҳати психикии он низ диққати махсус доданро талаб мекарданд, зеро мавҷудияти забон ба шахсони ҷудогона (индивид) вобаста мебошад, бинобар ин ҳама гуна тағйироти забонӣ ба шахси гӯянда (индивид) вобастааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё