МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
КОМПАРАТИВИСТИКА – муродифи забоншиносии муқоисавӣ-таърихӣ буда, забонҳои хешро, ки умумияти генетикӣ доранд, меомӯзад.
КОНСЕПТ – (лот. conceptus) дар забоншиносии тоҷик падидаи нав буда, бо маъноҳои “мафҳуми кул”, “андешаи куллӣ” ва “маънии куллӣ” мушоҳида мешавад. Дар баъзе луғатномаҳо вожаи консептро бо “мафҳум” (понятие) ва “тафаккур” (мысль) як медонанд. Бо ёрии консепт мазмуни мафҳум ва ифодаи фикр нишон дода мешавад. Дар адабиёти забоншиносӣ равиши ягона барои муайян кардани консепт вуҷуд надорад.
ИНТЕРЛИНГВИСТИКА – як соҳаи забоншиносӣ, ки ҷанбаи гуногуни муоширати байнизабонӣ, аз ҷумла забони байналмилалиро чун воситаи муошират меомӯзад. Дар ин соҳа ҷараёни ихтироъ ва амали забонҳои сунъии байналмилалӣ муҳим шумурда шуда, онҳо дар робита бо масъалаҳои бисёрзабонӣ, таъсири байниҳамдигарӣ, ба миён амадани вожагони байналмилалӣ мавриди омӯзиш қарор мегиранд. Мавзуи асосии таҳқиқ дар интерлингвистка забонҳои сунъӣ, роҳҳои пайдоиш ва инкишофи онҳо шумурда мешавад. ин соҳаи забоншиносӣ ба масъалаҳои таъсиррасонии бошууронаи инсон ба забон, ба меъёр мутобиқ кардани вожаҳои байналмилалӣ ва ғ. дахл мекунад.
ЛЕКСЕМА – воҳиди таркиби луғавии забон, ки дар матн ягон маънои муайянро ифода мекунад; калима ҳамчун воҳиди структурии (сохтории) забон.
ЛИНГВИСТИКАИ БЕРУНӢ – соҳаи забоншиносӣ, ки маҷмуи омилҳои этникӣ, ҷамъиятӣ-таърихӣ, иҷтимоӣ, ҷуғрофӣ ва ғайраро дар алоқамандии зич бо тараққиёт ва амалиёти забон меомӯзад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё