МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
тарзу усули таҳлили матн ва ба тадқиқи забони ҳиндуҳои
Америкаи шимолӣ диққат додаанд.
ДИАХРОНИЯ – яке аз усулҳои тадқиқоти илми забоншиносӣ аст, ки тараққиёти таърихии ҳолати пешинаи забонро чун системаи забон меомӯзад.
ДИСТРИБУТСИЯ – ҳодисаи забонӣ, ки доираи ба ҳам алоқаманд ва ё ҳамшафат омада тавонистан ва ё натавонистани воҳидҳои забонро дар матн меомӯзад. Фонемаҳои забон бо тамоми фонемаҳои дигар дар ҳамаи мавқеъҳо ҳамшафат омада наметавонанд. Мисли ҳамин калимаҳо ҳам бо тамоми калимаҳои забон дар алоқамандӣ намеоянд.
Масалан, калимаи «китобро» ҳеҷ гоҳ бо феъли «омадан» дар алоқамандӣ омада наметавонад.
ЖАРГОН – забони сохта, забони қалбакие, ки аъзоёни ин ё он гурӯҳ ба кор мебаранд, то ки аз мақсади онҳо касе пай набарад.
Дар жаргон калимаҳои муқаррарии забон ба маънои дигар истифода мешавад. Масалан, малах ва лой дар жаргони дуздон ба маънои пул меояд.
ЗАБОНШИНОСИИ МАТЕМАТИКӢ – фанни математикӣ, ки барои тасвири сохти забонҳои табиӣ ва баъзе забонҳои сунъӣ воситаҳои шаклӣ (формалӣ) таҳия мекунад. Дар солҳои 50-уми асри ХХ зарурати аниқ кардани мафҳумҳои асосии забоншиносӣ забоншиносии математикиро ба вуҷуд овард. Дар забоншиносии математикӣ бештар идея ва методу усулҳои алгебра, назарияи алгоритмҳо ва назарияи автоматҳо истифода мешавад. Дар заминаи тасвири математики забон ақидаҳои Ф. де Соссюр меистад, ки ӯ забонро ҳамчун як механизм тасаввур мекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё