Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дар натиҷа дар забони ин халқ як гурӯҳ мафҳумҳо – калимаҳо ба амал меоянд, ки халқҳои дигар надоранд.
Халқҳои дигар маҷбур мешаванд, ки ин мафҳумҳоро бо калимаҳои ифода мекардагиашон иқтибос кунанд. Дар ин ҳол ҳам аз як забон ба забони дигар калима мегузарад, вале он аз навъҳои дигари таъсири забонҳо ба ҳамдигар фарқ мекунад.
Ба ҳамдигар таъсир расонидани забонҳо яке аз омилҳои муҳимтарини инкишофи таърихии забонҳо мебошад.
Иқтибос. Иқтибос яке аз роҳҳои асосии бой гардидани таркиби луғавӣ буда, бештар ба лексика таъсир мерасонад.
Калимаҳои қабулшуда пурра ба қонуну қоидаҳои забони нав итоат мекунанд, бо аффиксҳо ва ё решаҳои дигар калима месозанд, ки инро дар забони иқтибосшуда дучор намекунем. Ҳангоми иқтибос маънои лексикии калима, ҷиҳати овозӣ ва ё хусусияти морфологии калима тағйир ёфтанаш мумкин аст.
Калимаҳои иқтибосӣ бо роҳи иртиботӣ ва ғайрииртиботӣ дохил мешаванд. Бо роҳи иртиботӣ дохил шудани калимаҳо зиёдтар дучор мешавад. Калимаҳои арабӣ ва қисман туркӣ-ӯзбекиро дар забони тоҷикӣ мисол гирифтан мумкин аст.
Калимаҳо аз забонҳои дигар бо ду роҳ – зӯран ва ихтиёрӣ, иқтибос карда мешаванд. Калимаҳо ҳамон вақт аз як забон ба забони дигар зӯран иқтибос мешаванд, ки як халқ ба халқи дигар ҳуҷум карда, онро ба итоати худ медарорад ва солҳои сол ҳукмронӣ мекунад. Дар ин ҳолат халқи мағлуб, камнуфуз ва ё таърихи дуру дароз надошта бошад ва ё соҳиби хату алифбо ва маданияти баланд набошад, ба он зӯрӣ тоб наоварда ба халқи ғолиб ассимилятсия мегардад, яъне омезиш меёбад ва забони халқи мағлуб аз байн меравад. Дар ҳолати дуюм, яъне халқи қадима ва тараққикарда будани халқи мағлуб халқи ғолиб зӯран калимаҳои худро ба забони вай мегузаронад ва дар натиҷа таркиби луғавии забони халқи мағлуб бой мегардад.

пешина
аз 210
навбатӣ