Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин рӯ, забони мо таърихи мо ҳам мебошад, - мегӯяд Гримм. Бояд қайд кард, ки ҳамаи олимон ин масъаларо як хел ҳал накардаанд. Онҳо вобаста ба ҷараёни лингвистии худ ба ин масъала наздик шудаанд.
Масалан, Август Шлейхер ду давраи забонро – инкишоф ва таназзул, қайд намояд, ҷавонграмматикҳо диққати асосиро ба тадқиқи таърихи забон ҷалб менамоянд, вале онро чун ҳодисаи индивидуалӣ-психологӣ шуморида, аз ҷамъият ҷудо мекарданд. Вале ҷараёни сотсиологӣ дар забоншиносӣ ҷиҳати иҷтимоии онро қайд мекунад.
Забон вобаста ба ҷамъият инкишоф меёбад ва тараққӣ мекунад, тағйирот ва инкишофи ҷамъиятро дар худ инъикос менамояд. Аз ин рӯ, ҳар як забон ду ҳолат дорад: яке ҳолати ҳозираи он ва дигаре ҳолати пешина, қадимаи он. Ҳолати ҳозираи забонро синхрония меноманд, ҳолати қадимаи онро диахрония мегӯянд. Синхрония калимаи юнонӣ буда, аз ду ҷузъ сун (ҳамроҳ, якҷоя) ва хронос (вақт, замон) таркиб ёфтааст. Диахрония низ калимаи юнонӣ буда, аз диа (ба воситаи) ва хронос (вақт, замон) таркиб ёфтааст.
Дар ду ҳолат омӯхтани забонро Ф. де Соссюр пешниҳод карда, забоншиносиро ба лингвистикаи синхронӣ ва лингвистикаи диахронӣ ҷудо намуда буд. Баъзе забоншиносон бо ҳам ҳеҷ гуна муносибат надоштани синхрония ва диахронияро қайд мекунанд.
Агар забонро дар ҳолати тасвирӣ (синхронӣ) гирем, хоҳ ҳолати ҳозираи он ва хоҳ ягон давраи таърихи он устувории динамикии онро мушоҳида мекунем, ки дар он омехтагии ҳозираву гузашта ба назар мерасад ва ин табиати иҷтимоии забонро нишон медиҳад. Забон ба ҷамъият чун воситаи алоқа, чун воситаи мубодилаи афкор, чун воситаи ифодаи фикр хизмат мекунад, аз ин рӯ, вай ҳамеша дар инкишофу тағйирот мебошад. Дар забон вариантҳои гуногун вуҷуд дорад, як намуди он синонимҳо мебошад ва худи ҳамин синонимҳо нишондиҳандаи инкишофи забон аст.

пешина
аз 210
навбатӣ