МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ин гуна забонҳо хусусияти байналмилалӣ доранд. Масалан, дар Америкаи Лотинӣ зиёда аз 20 халқияту миллат забони испаниро забони миллии худ мешуморад, забони англисӣ забони миллии миллатҳои англис, америкоӣ, канадагӣ, халқҳои Австралияю Зеландияи Нав ба шумор меравад, забони арабиро як қатор давлатҳои Африка забони миллии худ мешуморанд, забони немисиро австриягиҳо, забони португалиро бразилиҳо низ забони миллии худ медонанд.
Албатта, намунаи барҷастаи забони байналмилалӣ забонҳои русӣ ва англисӣ мебошад, чунки бо ин забонҳо халқу миллатҳои зиёде гуфтугӯ мекунанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ мунтазам дар мулоқотҳояшон нисбат ба насли нав ва ҷавон талқин мекунанд, ки забонҳои русӣ ва англисиро дар баробари забони модариашон биомӯзанд.
Дар кишвар Барномаи давлатии такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 бо мақсади он таҳия гардидааст, ки мушкилоти мавҷударо дар соҳаи таълими фанҳо аз забонҳои мазкур нишон диҳад, роҳҳои имконпазири ҳалли онҳоро пешбинӣ намояд ва шароитеро, ки ба рушди таҳсилоти бисёрфарҳангию бисёрзабонии насли наврас мусоидат мекунад, муҳайё созад. Омӯзиши забони русӣ чун муоширати байни миллатҳо ва забони англисӣ ҳамчун забони хориҷии дар ҷаҳони муосир аз ҳама зиёд паҳншуда, инчунин аз худ кардани нутқи намунавӣ бо ин забонҳо барои тарбияи шахсияти забондон, рушди сифатҳои маънавӣ ва қобилиятҳои эҷодии ӯ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё