Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забони миллии тоҷикӣ низ ҳамин гуна хусусият дорад.
Бо забони тоҷикӣ ғайр аз тоҷикон мардумони бадахшони шуравӣ: шуғниву рӯшониҳо, язғуломиҳо, вахониву ишкошимиҳо, сарикӯлиҳо ва инчунин яғнобиҳо низ гап мезананд ва забони миллии тоҷикӣ барои ҳамаи ин халқҳо забони умумии муносибат шуморида мешавад. Ин халқҳо дар оила, дар кору зиндагӣ аз забони худ истифода мебаранд, забони миллии тоҷикӣ барои онҳо забони мактаб, забони матбуот, забони радиову телевизион ва ниҳоят забони муносибат бо халқиятҳои дигар мебошад, зеро ҳамаи ин халқҳо ҳамроҳи тоҷикон миллати тоҷикро ташкил медиҳанд.
Сотсиолингвистика. Ҳоло ҳама медонанд, ки забон чун воситаи муносибат бо ҷамъият алоқаманд буда, бе он вуҷуд надорад. Забон дар ҷамъият пайдо шудааст ва баробари ҷамъият инкишоф меёбад, тараққӣ мекунад. Забоншиносӣ аз аввали пайдоиши худ ба ин масъала диққати ҷиддӣ медод. Забон дар ҳар форматсияи ҷамъиятӣ ҳамчун воситаи ҷамъкунандаи донишу таҷрибаи одамон хизмат мекунад ва онро ба наслҳои минбаъда мегузаронад. Аз ин ҷиҳат ҳама гуна дигаргуниҳои ҷамъиятӣ – хоҳ вай иқтисодӣ бошад, хоҳ маданӣ ва хоҳ иҷтимоӣ ба забон ҳатман таъсир мерасонад.
Албатта, забон ҳам дар навбати худ ба ҷамъият ва инкишофи он ҳамин гуна таъсир расонида метавонад.
Шакли адабӣ ва ба меъёр даромадаи ҳама гуна забон ба муносибат ва маишати одамон таъсири зӯр мерасонад, ба баланд шудани маданияти соҳибонаш ёрӣ расонида, ба барҳам хӯрдани фарқҳои диалектӣ кумак мерасонад.

пешина
аз 210
навбатӣ