МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Ба воҳидҳои қабати синтаксис қолабҳои (моделҳои) синтаксисӣ, ибораю ҷумла медароянд. Масалан, ҷумлаҳои «Ман китоб мехонам. Ӯ алаф медаравад. Онҳо суруд мехонанд. Мо пахта мечинем.» дар асоси як қолаб сохта шудаанд, ҳол он ки фикрҳои гуногунро ифода мекунанд.
Байни ибораю ҷумла муносибати зич дида мешавад, зеро онҳо ба ҳамдигар вобастаанд. Ибора материали сохтмони ҷумла мебошад.
Ибора чун воҳиди синтаксисӣ аз ду ва ё зиёда калимаҳои мустақилмаънои аз ҷиҳати грамматикию семантикӣ бо ҳам алоқаманд иборат аст. Албатта, он калимаҳо бояд яке ба дигаре тобеъ бошанд ва дар якҷоягӣ як мафҳуми мураккабро ифода кунанд. Ибораҳо низ аз рӯйи қолаби муайян сохта мешаванд.
Ибораҳо аз рӯйи сохт ду хел мешаванд: ибораҳои содда ва мураккаб. Ибораҳои содда аз ду калимаи мустақилмаъно таркиб меёбанд. Калимаҳо ба ҳамдигар бо алоқаҳои гуногуни тобеъ алоқаманд мешаванд: гули бодом, падари талаба, деҳаи онҳо, себи ширин, меҳри модарӣ, соли панҷум, орзуи хондан, шахси омадагӣ; сӯҳбат бо дӯстон, ба шаҳр омадан, китобро хондан, садаф барин сафед, аз пеш чорум; шоир Турсунзода, ҳамин дӯстон, бурро хондан, профессор Тоҷиев, сад гул, ниҳоят зебо, хеле дур.
Ибораҳои мураккаб аз се ва зиёда калимаҳои мустақилмаъно таркиб меёбанд: гули сурхи хушбӯй, шахси барои ман меҳрубон, он турки шерозӣ, ду китоби ба тозагӣ чопшудаи устод.
Ҷумла низ яке аз воҳидҳои синтаксис аст. Вай аз калима ва ё калимаю ибораҳои алоқаманд таркиб меёбад. Ҷумла хусусияти предикативӣ дошта, фикрро ифода мекунад.
Ҷумла низ қолаби муайян дорад ва аз рӯйи он сохта мешавад.
Дар илми имрӯза ду ҷиҳати (аспекти) ҷумла нишон дода мешавад: сохторӣ ва коммуникативӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё