Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷумлаҳо аз ҷиҳати сохт содда ва мураккаб мешаванд.
Ҳам ҷумлаҳои содда ва ҳам мураккаб қолабҳои гуногун доранд. Ҷумлаҳои содда вобаста ба иштироки сараъзоҳову аъзоҳои пайрав ба намудҳои гуногун ҷудо мешаванд. Асоси ҷумлаи содда мубтадову хабар мебошад ва онҳо аъзоҳои якудараҷа шуморида мешаванд. Дар мисоли «Донишҷӯён рафтанд» ин ду асос зикр шудааст. Онҳо бо ёрии алоқаи мувофиқат алоқаманд гардида, як фикри ҷудогонаро ифода мекунанд.
Аъзоҳои пайрав мубтадову хабарро аз ҷиҳатҳои гуногун шарҳу эзоҳ медиҳанд. Дар ҷумлаи «Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон дирӯз барои таҷрибаомӯзӣ ба шаҳри Теҳрон рафтанд» муайянкунандаҳо мубтадоро ва ҳолҳои замон, мақсад ва макон хабарро шарҳу эзоҳ дода, як фикри нисбатан муфассалу пурраро ифода намудаанд. Сохти ҷумла ба аъзоҳои якумдараҷаву дуюмдараҷаи он вобаста мебошад.
Ибораву ҷумла чун воҳиди муҳимтарини синтаксис боз ба хелҳои гуногун ҷудо мешаванд: ибораҳои номиву феълӣ ва зарфӣ, соддаву мураккаб, ҷумлаҳои соддаву мураккаб, яктаркибаву дутаркиба, хулласу тафсилӣ…
Қабати лексикиву семантикӣ. Ин ҷиҳати забон аз он қабатҳое, ки ном бурдем, ба куллӣ фарқ мекунад, вале бо онҳо алоқаи зич дорад. Қабатҳои лексикӣ хеле гуногун мешавад. Ҷиҳати якуми он ин аст, ки одамон ба он «дахл»
карда метавонанд, калимаҳои дилхоҳро интихоб карда метавонанд, онҳоро ба дигараш иваз мекунанд. Таркиби луғавӣ хеле тағйирёбанда буда, тағйироти ҷамъиятро пурра инъикос мекунад. Калимаҳое, ки ба таркиби луғавӣ дохил мешаванд, хело гуногун мебошанд. Онҳо на танҳо аз рӯйи маъно, истифода, гурӯҳҳои луғавӣ, балки аз ҷиҳати худиву иқтибосӣ буданашон ҳам фарқ мекунанд. Аз забонҳои маълум забонеро пайдо кардан мумкин нест, ки аз забонҳои дигар калима иқтибос накарда бошанд. Дар забони тоҷикӣ ҳам баробари калимаҳои аслан тоҷикӣ боз гурӯҳи зиёди калимаҳо мавҷуданд, ки аз забонҳои гуногуни хешу ғайрихеш, дуру наздик ба забони мо дохил шуда, ба таври озод истифода ва истеъмол мешаванд.

пешина
аз 210
навбатӣ