МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа
Аз ин рӯ, морфемаҳо ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд: морфемаҳои маънодор ва ёрирасон.
Калимаро аз рӯйи шакл (словоформа) муайян кардан хоси забонҳои флективӣ ва агглютинативӣ мебошад, зеро дар ин гурӯҳ забонҳо калимаҳоро ба асос ва бандак (флексия) ҷудо кардан мумкин аст. Асос маънои лексикӣ ва маънои умумии грамматикиро ифода кунад, бандак маънои ҷудогонаи грамматикӣ дорад.
Ин гуна мисолҳоро дар забони тоҷикӣ ҳам дучор кардан мумкин аст. Масалан, калимаҳои хондам, китобам ба
12 асосҳои хонд, китоб ва флексияҳои –ам ва –ам ҷудо
1 мешаванд. «Хонд» асоси замони гузашта буда, -ам шахси якум ва шумораи танҳо, «китоб» маънои предметро, вале –
2 ам маънои соҳибият ва шахси якуму шумораи танҳоро мефаҳмонад.
Ё ки дар калимаҳои гулистон, коргар, суханвар; ҳамкор, боақл, нодон, баромад ҷузъҳои гул, кор, сухан, кор, ақл, дон ва омад реша буда, ҷузъҳои –истон, -гар, -вар, ҳам-, бо-, но-, бар- пешванду пасванд мебошанд.
Ба қабати морфологӣ ду навъи парадигма – морфологӣ ва калимасозӣ хос аст. Парадигма – ҷамъи шаклҳои калима (словоформа), ки ба ин ё он ҳиссаи нутқ хос аст.
Парадигма ин тарзу роҳҳои ифодаи ҳодисаҳои грамматикии забон, категория ё класси он мебошад.
Масалан, парадигмаи феъл бо категорияҳои замон, сиға, намуд ва шахсу шумора алоқаи зич дорад.
Қабати синтаксисӣ. Баъзе забоншиносон синтаксисро қабати забонӣ намешуморанд, бо он асос, ки гӯё вай семантикаро меомӯхта бошад, гӯё вай бо синтагмаю мантиқ як бошад. Ҳаминро ҳам қайд кардан лозим аст, ки синтаксис таърихан аз морфологияю мантиқ ҳамчун таълимот дар бораи сохт ва ҷумла ба амал омадааст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё