Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Забоншиносон кайҳо боз системаи овозҳо, таркиби луғавӣ ва сохти грамматикии забонро фарқ мекунанд.
Албатта, аввалҳо ин фарқ ва он воҳидҳо танҳо ҷиҳати амалӣ дошт, вале баъдтар, аз асри ХХ сар карда, фонологияю лексикология ва инчунин грамматика ва қисматҳои он морфема, шакли калима (словоформа), ибора ва ҷумлаҳоро назариявӣ фарқ мекардагӣ шуданд. Дар давраҳои гуногуни инкишофи ҷамъият қисматҳои ҷудогонаи забоншиносӣ таваҷҷӯҳи олимонро ба худ ҷалб намудааст. Дар як давра фонология ва ё морфология, вале дар давраи дигар синтаксис ва ё лексикология дар маркази баҳсу мунозираи забоншиносон буд. Ин имконият дод, ки тасниф ва тадқиқи қисматҳои ҷудогона ҳаматарафа гардида, ба пайдоиши қабатҳои (ярусҳои) забоншиносӣ асос шавад.
Ҳар яке аз ин қабатҳо воҳидҳои худ, категорияҳо ва структураи дохилии худро доранд, ки бо ҳам алоқаи зич доранд. Албатта, системаи фонологии забон аз лексика ва он бошад, аз грамматика ба куллӣ фарқ мекунад, вале ҳам аз рӯйи структураи забон ва ҳам аз рӯйи функсияи худ онҳо бо ҳам сахт алоқаманд мебошанд.
Қабати фонетикӣ-фонологӣ. Сохти овозии забон аз овозҳои нутқи инсон, бо ҳам алоқамандшавии овозҳо дар ҷараёни нутқ ва категорияҳои фонетикӣ иборат аст.
Овозҳои нутқ хусусиятҳои артикулятсионӣ, акустикӣ ва фонологӣ доранд.
Системаи овозии забон аз ду категория – садонокҳову ҳамсадоҳо таркиб меёбад. Инҳо аз бисёр ҷиҳатҳо аз ҳам фарқ мекунанд. Фонемаҳо чун аломати забон морфемаю калимаҳоро аз ҳам фарқ мекунонанд.
Қабати морфема-морфология. Қабати морфологӣ ду воҳидро дар бар мегирад. Морфема ва шакли калима (словоформа). Баъзан морфемаро тобеи калима мефаҳманд ва маънидод мекунанд. Морфема ҷузъи хурдтарини маънодори забон фаҳмида мешавад, аз ин рӯ, ба он ғайр аз калимаҳои решагӣ аффиксҳо, артикл ва инчунин калимаҳои ёрирасон ҳам дохил мешаванд.

пешина
аз 210
навбатӣ