Зеҳн
МАҶМУАИ ТАЪЛИМӢ-МЕТОДӢ АЗ ФАННИ ЗАБОНШИНОСИИ УМУМӢ

Дастури мазкур барои дарсҳои назариявӣ ва амалии фанни “Забоншиносии умумӣ” мураттаб гардидааст. Он барои донишҷӯёни ихтисосҳои забоншиносии муассисаҳои таҳсилоти олӣ пешбинӣ мегардад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 210 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ҷумла ҳама гуна фикр ва ахборро ифода карда метавонад. Аз ин рӯ, ҷумла аломати пурра, калима аломати нопурра ва морфема нималомат мебошад, ки дар ташаккули аломати забон хизмат мекунад. Калимаю ҷумла ҳамчун аломатҳои асосии забон нишон медиҳанд, ки дар забон семантика роли муҳим мебозад. Калима аломати шартии муқаррарӣ – сигнал набуда, балки воситаи ниҳоят муҳим дар ифодаи фикр мебошад. Ба воситаи калима ҳақиқати объективӣ дар майнаи мо инъикос ёфта, ахбори гуногуни муҳим ифода мегардад, ки он аз маънои калима хеле васеъ мебошад.

Супориш: Доир ба илми забоншиносӣ бо илмҳои дигар
мутолиа ва ёддошт намудан

Мавзуи 21.
Забон чун система. Забон ва ҷамъият. Забон маҳсули ҷомеа Нақша:
1.Забон чун система. Забон ва ҷамъият.
2.Забон маҳсули ҷомеа. Масъалаи дузабонӣ (билингвизм) ва хелҳои он. Забони адабӣ ва аломатҳои он.
3.Забони адабии шифоҳӣ ва хаттӣ.Услубҳои бадеӣ, илмӣ, публитсистӣ ва коргузорӣ.
4.Халқият ва забони он, миллат ва забони миллӣ.

Забон чун система

Забон системаи мураккаб буда, воҳидҳои гуногуни ба ҳам алоқамандро дар бар мегирад. Воҳидҳои забон – калима, морфема, фонема ва ҷумла дар якҷоягӣ системаи забонро ташкил медиҳанд. Системаи забон роҳҳои инкишоф ва тараққиёти онро муайян мекунад.

пешина
аз 210
навбатӣ