Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ҷониби дигар, гузоштани номи Ҷалолиддини Румӣ ба собиқ ноҳияи Колхозобод (Ҳаловарди бостонӣ) ва дар маркази вилояти Хатлон бунёди чаҳорбоғи Мавлоно Ҷалолиддин ва гузоштани пайкараи ин андешаманди бузург кори хайру наҷиб буда, ҳақиқати таърихиро дар бораи Вахшонзамин – зодгоҳи аслии ин абармард таъкид месозад, ки ҳамшаҳриёнаш ўро аз ёд набаровардаанд ва хотираашро посу гиромӣ медоранд.
Мавлоно Ҷалолиддин бар асари ошуфтагӣ ва хунрезии замон ватани худро тарк намуд ва оқибат баъди саргардониҳои зиёд шаҳри Қунияи Румро ҷойи сукунати хеш қарор дод. Дар он сарзамини дурдасти илму адабпарвар аз подшоҳ то раъияти қаторӣ ҳурмату эҳтироми Мавлоноро ба ҷо меоварданд. Абдурраҳмони Ҷомӣ дар китоби «Нафаҳот-ул-унс» дар бораи поёни умри Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ чунин менависад:
«Шайх Садруддин, қаддаса сирруҳу, ба аёдати вай (Мавлоно Румӣ) омад, фармуд, ки «Шафокаллоҳ, шафоъан оҷилан» рафъи дараҷот бошад, умед аст, ки сиҳҳат бошад, хидмати Мавлоно ҷони оламиён аст.
Фармуд, ки баъд аз ин шафокаллоҳ шуморо бод! Ҳамоно ки дар миёни ошиқу маъшуқ пироҳане аз шаър1 беш намонд рост, намехоҳед, ки нур ба нур бипайвандад?
Ман шудам урён зи тан, ў аз хаёл,
Мехиромам дар ниҳоётулвисол.
Шайх бо асҳоб гирён шуданд ва ҳазрати Мавлоно ин ғазал фармуд:

  1. Шаър–мўй.
пешина
аз 298
навбатӣ