Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Тоҷикистон қарор дорад. Аммо шоири мо дар шеъру адаб худовандгори тамоми шеър аст ва Мавлоно ва Мавлавӣ алқобе (лақабҳое) аст, ки шоирро ба аксари эрониён мешиносонанд».
Гуфтан лозим аст, ки аксари донишмандони маъруфи эронӣ низ ақидаи доктор Бадеъуззамон Фурўзонфарро дар мавриди зодгоҳи аслии Ҷалолиддини Румӣ будани Вахшонзамини Тоҷикистон эътироф карда, ҷонибдорӣ намудаанд. Аз ҷумла донишманди маъруфи эронӣ Козими Баргнесӣ, ки таҳқиқоти навтаринро доир ба аҳвол ва осори Ҷалолиддини Балхӣ анҷом додааст, дар ин бора дар боби «Даврони кўдакӣ, навҷавонӣ ва таҳсил» чунин ибрози назар намудааст:
«Шаҳри Балх, ки хонадони Мавлоно нисбати Балхии худро аз он гирифтаанд, аз шаҳрҳои бузурги Хуросони он рўзгор буд, ки имрўза дар кишвари Афғонистон аст.
Шамс дар «Мақолот» он гоҳ ки аз Иброҳими Адҳам ёд мекунад, ўро подшоҳи шаҳри Мавлоно мехонад, аммо дарвоқеъ, хонадони Мавлоно на дақиқан дар худи Балх, балки дар шаҳраке бо номи Вахш, дар шимоли Омударё (Ҷайҳун) мезистанд, ки аз назари фарҳангӣ тобеи Балх буд ва бахше аз мамлакати рў ба завол овардаи Ғўрӣ ба шумор мерафт».1 Ин гуфтаҳои донишманди хориҷӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки қазияи аз Вахшонзамин будани Мавлоно Ҷалолиддин бофтаву сохта набуда, аз ҷониби олимони ховаршиноси Шарқу Ғарб тасдиқ ва мавриди таъйид қарор гирифтааст ва месазад, ки мо–тоҷикон ифтихор дошта бошем, ки ин донишманд ва мутафаккири бузург ҳаммиллат ва ҳамдиёри мост.
Қайд кардан месазад, ки ба муносибати ҷашни Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шаҳрҳои Қўрғонтеппаи Тоҷикистон ва Қунияи Туркия бародаршаҳр эълон гардиданд ва дар оянда робитаи фарҳангии ду кишвари ба ҳам дўст боз ҳам густурдатар ва мустаҳкамтар мегардад.

1 .Ниг. Козими Баргнесӣ. Муқаддимаи «Куллиёти Шамси Табрезӣ»- и Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ бар асоси чопи шодравон Бадеъуззамон Фурўзонфар, Теҳрон: интишороти «Фикри рўз», 1381 шамсӣ, саҳ. 15.

пешина
аз 298
навбатӣ