МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Сипас Хуршед Зиёев дар бораи зодгоҳи Мавлоно бо қатъият чунин менависад: «Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ 30 сентябри соли 1207 дар Вахшонзамин дар оилаи сўфӣ ва фақеҳи машҳур Баҳоуддинвалад ба дунё омадааст».
Ба ин гуфтаҳои донишманди тоҷик илова кардан зарур аст, ки асари пажўҳишгари амрикоӣ Франклин Луис «Мавлавӣ, дирўз, имрўз ва Шарқу Ғарб» ном дошта, дар тарҷумаи Фарҳоди Фараҳманд дар Ҷумҳурии Исломии Эрон (Теҳрон, интишороти «Солис», соли 1375 ҳиҷрии шамсӣ) ба табъ расидааст. Дар ин асар ба таври мушаххас дар бораи зодгоҳи аслии Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ – яке аз шаҳрҳои водии Вахши Тоҷикистон маълумоти пурарзиш дода шудааст, ки аз мадди назари пажўҳишгари тоҷик Хуршед Зиёев дур мондааст.
Франклин Луис дар бораи шарҳи ҳоли Ҷалолиддини Румӣ сухан ронда навиштааст: «Аз он ҷо ки Мавлавӣ ва Мавлоно алқоби (лақабҳои) эҳтиромомези бархе аз шахсиятҳои мазҳабӣ, хосса шибҳи қора1 ҳастанд, мадхалҳои доиратулмаорифҳо ва намояндаҳои кутуби форсӣ мавзўи китоби ҳозирро гоҳ бо номи Мавлавӣ Ҷалолиддини Балхӣ мешиносанд, ки Балхӣ бар аслу насаби хонавода дар Балх (Афғонистони кунунӣ) далолат дорад, аммо чуноне хоҳем дид, зодгоҳи Румӣ дар Балх нест, балки дар шаҳри кўчаке аст, ки имрўза дар. Шибҳи қора – нимҷазираи Ҳиндро дар назар дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё