Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Нанги дарвешон зи дарвешии мо,
Рўзу шаб аз рўзиандешии мо.
Шавҳар, ки шикояти занро аз бечизию нодорӣ шунид, ўро ба сабр даъват карду гуфт:
– Аз умри мо чизе намондааст, бояд ба бешу кам тоқат кард, ки ҳар ду даргузар аст, намебинӣ аз пашша то пилу аз фохта то бозро Худованд рўзӣ мерасонад. Чӣ гуна мумкин аст моро фаромўш кунад? Ту ҷуфту ҳамсари манӣ. Бояд дар сабру тоқат ҳам монанди ман бошӣ:
Ҷуфти мойӣ, ҷуфт бояд ҳамсифат,
То барояд корҳо бо маслиҳат.
Ҷуфт бояд бар мисоли ҳамдигар,
Дар ду ҷуфти кафшу мўза дарнигар.
Гар яке кафш аз ду танг ояд ба по,
Ҳар ду ҷуфташ кор н-ояд мар туро.
Зан аз суханони мард дар хашм шуду бар ў бонг зад:
Турраҳот аз даъвиву даъват магў,
Рав, сухан аз кибру аз нахват магў.
Чанд ҳарфи тумтароқу кору бор?
Кору ҳоли худ бибину шарм дор.
Кибр зишту аз гадоён зишттар,
Рўз сарду барфу он гаҳ ҷома тар!
Чанд даъвову даму боди бурут?
Эй туро хона чу байтуланкабут.
Аз қаноат кай ту ҷон афрўхтӣ?
Аз қаноатҳо ту ном омўхтӣ.
Ақли худро аз ман афзун дидаӣ?
Мар мани камақлро чун дидаӣ?
Шавҳар гуфт:
– Рўзӣ қисмат асту агар ин ҷаҳон аз дурр пур шавад ҳам, агар рўзии ту набошад, чизе барои ту нахоҳад шуд.
Бояд таслим ва хушнуд буд.

пешина
аз 298
навбатӣ