МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Аз навояш мурғи дил паррон шудӣ В-аз садояш ҳуши ҷон ҳайрон шудӣ.
Чун баромад рўзгору пир шуд,
Боз ҷон-ш аз аҷз пашшагир шуд.
Пушти ў хам гашт ҳамчун пушти хум,
Абрувон бар чашм ҳамчун полдум.
Гашт овози латифи ҷонфизош Зишту назди кас наярзидӣ ба лош.
Он навои рашки Зуҳра омада,
Ҳамчу овози хари пире шуда.
Рўзе аз гуруснагӣ ба ҷон омад, на касе ба доди ў расид ва ноне ба даст овард. Навмеду саргардон рўй ба биёбон гузошт ва он гоҳ ба гўристон гузашт ва чанги худро дар бағал гирифту нолае кард, сар ба осмон баровард. Чангзанон ба Худованд розу ниёз кард, ки ҳафтод сол гуноҳ кардаму Ту маро гурусна нагузоштӣ.
Он ҳангом барои дилхушии мардумон чанг мезадам.
Имрўз, ки ҳоҷатманд мондаам, ба Ту рўй овардам ва барои ту менавозам:
Нест касб, имрўз меҳмони туам,
Чанг баҳри ту занам, к-они туам.
Чангро бардошт, шуд аллоҳҷў,
Сўйи гўристони Ясриб оҳгў.
Гуфт: «Хоҳам аз Ҳақ абрешим баҳо,
К-ў ба некўӣ пазирад қалбҳо».
Чунки зад бисёру гирён сар ниҳод,
Чанг болин карду бар гўре фитод.
Пир гирён рўйи гўре афтод ва хобаш бурд. Дар ҳамон замон Умар ҳам эҳсоси хастагии шадид карду ба ин ки одат надошт, дар он соат бихобид. Сар ба болин ниҳоду дар хоб дид:
Бонг омад мар Умарро, к-эй Умар,
Бандаи моро зи ҳоҷат бозхар!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё