Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Фиристодаи Қайсари Рум ба ин дидор рисолати худро фаромўш карда ва чашмонаш ба ҳақиқат боз шуд.
Он расул аз худ бишуд з-ин як-ду ҷом,
Не рисолат ёд мондаш, не паём.
Вола андар қудрати Аллоҳ шуд,
Он расул ин ҷо расиду шоҳ шуд.
Сел чун омад ба дарё, баҳр гашт,
Дона чун омад ба мазраъ, гашт кашт.
Чун тааллуқ ёфт нон бо булбашар,
Нони мурда зинда гашту бохабар.
Муму ҳезум чун фидои нор шуд,
Зоти зулмонии ў анвор шуд.
Санги сурма, чунки шуд дар дидагон,
Гашт биноӣ, шуд он ҷо дидбон.
Эй хунук он мард, к-аз худ раста шуд,
Дар вуҷуди зиндае пайваста шуд.

ДОСТОНИ ПИРИ ЧАНГӢ ВА УМАРИ ФОРУҚ

Он шунидастӣ, ки дар аҳди Умар
Буд чангӣ – мутрибе бо карру фар?
Булбул аз овози ў бех(в)ад шудӣ,
Як тараб з-овози хубаш сад шудӣ.
Маҷлису маҷмаъ дамаш оростӣ
В-аз навои ў қиёмат хостӣ.
Ҳамчу Исрофил, к-овозаш ба фан,
Мурдагонро ҷон дарорад дар бадан.
Дар замони халифа Умар ибни Хаттоб марди мутрибе буд, ки чанг мезаду бо овози хуши худ мардумонро сархуш месохт. Бо подоше, ки мегирифт, рўзгор мегузаронд. То ин ки солҳо бигузаштанд ва ҷавонӣ бигузашт ва по дар остонаи пирӣ гузошт, на барои чанг задан ҳоле монд ва на барои овоз хондан нерў.

пешина
аз 298
навбатӣ