МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Мурғи беандоза чун шуд дар қафас?
Гуфт: «Ҳақ бар ҷон фусун хонду қисас».
Халифа гуфт:
–Худованд афсуне ба ҷон хонд. Ў ба ҷунбиш даромад, ба ҷисм рамзе гуфт, табдил ба ҷон шуд. Ба хуршед чизе фармуд, рахшанда шуд. Ба гўши гул сухане гуфт, хандон шуд. Маълум нест Худованд ба гўши хок чӣ фармудааст, ки чунин хомўш мондааст. Агар забон асрори пинҳонро ошкор кунад, оташе равшан хоҳад кард, ки ҷаҳонро бисўзонад. Кори мо ва кори Худовандро бадиққат бингар. Кори мо ҳасту пайдоиши он аз Худованд аст. Ҳар кас масъули коре нест. Набояд гуфт: «Чаро кардӣ?» Вале кор аз осори хилқати Худованд аст, ки дар ихтиёри мост. Мехоҳем ва мекунем ва гуноҳу савоби онро ҳам мебарем. Мисоле мегўем, то ҷабру ихтиёр равшан шавад. Дасте аз бемории раъша меларзад ва гоҳе дастро ба ихтиёри худ меларзонӣ. Ин ҳар ду офаридаи Худо ҳастанд, вале яке нестанд. Агар ларзиши даст аз беморӣ бошад, соҳиби даст шарманда нест, вале агар ба ихтиёр дастро биларзонӣ, пушаймон мешавӣ.
Боз фиристодаи Қайсар пурсид, чаро ҷон асири бадан шудааст ва фоидаи он чист? Халифа Умари Форуқ гуфт:
Гуфт: «Ту баҳсе шигарфе мекунӣ,
Маъниеро банди ҳарфе мекунӣ.
Ҳабс кардӣ маънии озодро,
Банди ҳарфе кардаӣ ту ёдро.
Албатта, ту ин пурсишро барои фоида мекунӣ. Аммо он ки фоидаро ба вуҷуд овардааст, чӣ гуна мумкин аст кореро бе далелу ҳикмат анҷом дода бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё