Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Даст дод, ки бар аҳд содиқ бошад ва ҳар кас аз неъматҳои Худованд баҳра барнагирад, шукри ўро ба ҷо наовардааст:

Шукри қудрат қудратат афзун кунад,
Ҷабр неъмат аз кафат берун кунад.
Ин қадар ақле, ки дорӣ, гум шавад,
Сар, ки ақл аз вай бипаррад, дум шавад
Гар таваккул мекунӣ, дар кор кун,
Кишт кун, пас такя бар Ҷаббор кун.

Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:
–Агар корҳо ба кўшиш буд, аз оғози ҷаҳон ҳазорон ҳазор кўшиданду ба ҷое нарасиданд ва ҷон доданд. Бояд ба доду ба қисмат розӣ шуд ва аз талоши беҳуда бозистод. Магар нашунидаӣ достони он марди содаро, ки рўзе ҳаросон худро ба боргоҳи Сулаймон (а) тарсону рангпарида афканд. Сулаймон (а) иллати нигаронии ўро пурсид:
Ҷавоб дод:
–Дар кўча мегузаштам, Азроилро дидам, ки бо ҳайбат ва ҳайронӣ ба ман нигарист, Сулаймон (а) пурсид:
–Ҳоло аз ман чӣ мехоҳӣ?
Гуфт:
–Ба бод фармон деҳ, маро аз ин шаҳр ба Ҳиндустон бибарад. Магар аз дасти Азроил раҳоӣ ёбам.
Сулаймон (а) хоҳиши вайро баровард ва бод ўро ба Ҳиндустон бурд. Рўзи дигар ҳангоми боздид Сулаймон (а) аз Азроил (а) пурсид:
–Чаро фалонро тарсондӣ?
Азроил (а) гузориш дод, ки ман дирўз аз сўйи Худованд вазифадор шудам ҷони ўро имрўз дар Ҳиндустон бигирам. Чун ўро дар ин ҷо дидам, дар шигифт шудам, ки агар сад пар ҳам дошт, наметавонист ба Ҳиндустон биравад. Ва имрўз онро дар он диёр дидам ва ҷонашро гирифтам.

пешина
аз 298
навбатӣ