Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ ҲАЙВОНОТИ ҶАНГАЛ ВА
ШЕРУ ҚАЗИЯИ КЎШИШУ ТАВАККУЛ

Дар бешае ҳайвоноти ваҳшӣ зиндагӣ мекарданд.
Шере онҳоро ҳар дам мавриди ҳамла қарор медод ва зиндагиро дар он ҷойи хурраму босафо бар онҳо ҳаром мекард. Рўзе ҳама ҳайвоноти сокини ҷангал гирд омаданд ва ба шер паём доданд, ки агар дар озори онҳо накўшад, онҳо қабул доранд, ки ҳар рўз хўроки онро бирасонанд, то ин ки бе заҳмату дарди сар ғизои худро ба даст оварад. Шер гуфт:
–Ба шарти ин ки ба ваъда вафо кунед, мепазирам.
Ҳайвоноти ваҳшӣ ҷавоб доданд:
–Ту ба мо эътимод кун ва ба Худо таваккул:
Дар ҳазар шав, диданат шўру шар аст,
Рав, таваккул кун, таваккул беҳтар аст.
Бо қазо панҷа мазан, эй тунду тез,
То нагирад ҳам қазо бо ту тез.
Шер гуфт:
Гуфт: «Оре, ки таваккул беҳтар аст,
Ин сабаб ҳам суннати Пайғамбар аст.
Гуфт Пайғамбар ба овози баланд:
«Бо таваккул зонуи уштур бибанд».
Ҳайвоноти ваҳшӣ гуфтанд:
Нест касбе аз таваккул хубтар,
Чист аз таслим худ маҳбубтар?
Бас гурезанд аз бало сўйи бало,
Бас ҷаҳанд аз мор сўйи аждаҳо.
Он ки ў аз осмон борон диҳад,
Ҳам тавонад, к-ў зи раҳмат нон диҳад.
Шер гуфт:
–Бо ин ҳама Худованд сабаби ҳар чизро ба кўшишу ҷидду ҷаҳд фароҳам кардааст. Агар накўшӣ, ба ҷое нахоҳӣ расид.

пешина
аз 298
навбатӣ