МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
ДОСТОНИ НАҚҚОШОНИ ЧИНӢ ВА
СУРАТГАРОНИ РУМӢ
Суратгарони чинию румӣ назди подшоҳе омаданд ва ҳунарҳои худро бар ў арза карданд. Чиниҳо даъвогар шуданд, ки онҳо дар наққошӣ бар ҳама саранд ва румиён ин даъворо хилоф донистанд. Пас подшоҳ дастур дод, ҳар даста ҳунари худро нишон диҳад ва қарор шуд ду пойгоҳ дар ихтиёри онҳо бигузоранд. Ҳар даста ҳунармандии худро ба шоҳ нишон бидиҳанд. Ду хона дар баробари якдигар, ки ба ҳам роҳ доштанд, ба ҳар кадом вогузор шуд. Чиниҳо ба даруни хонаи худ рафтанду аз хазина рангҳои гуногун хостанд. Шабу рўз кашиданд, то зеботарин нақшҳоро бар девори намоишгоҳ кашиданд. Ҳунармандони румӣ низ дар ҷойгоҳи худашон бо кўшиши фаровон ба сайқал задани деворҳо пардохтанд, на ранге ба кор бурданд ва на нақше оварданд. Шабу рўз деворҳоро месовиданд ва онҳоро чун ойина менамуданд, ки ҳар нақше дар онҳо метофт, акс медод.
Корҳо, ки анҷом шуд, шоҳ ба тамошои ҷойгоҳи чиниҳо омаду аз дидори ҳунари онҳо ва нақшҳое, ки ба девор нигошта буданд, дар шигифт шуд. Ба онҳо офарин гуфт. Он гоҳ ба хонаи румиҳо рафт ва онҳо пардаи ҳоили овезони байни ду хонаро канор заданд. Ногоҳ ҳамаи нақшҳои хонаи ҳамсоя бар деворҳои он ҷо зоҳир шуд.
Деворҳои чун ойина ҳама кори чиниёнро дар худ инъикос карданд:
Акси он тасвиру он кирдорҳо,
Зад бар ин софишуда деворҳо.
Ҳар чӣ он ҷо дид, ин ҷо беҳ намуд,
Дидаро аз дидахона мерабуд.
Румиён он сўфиёнанд, эй падар!
Бе зи такрору китобу бе ҳунар.
Лек сайқал кардаанд он синаҳо,
Пок аз озу ҳирсу бухлу кинаҳо.
Он сафои ойина, васфи дил аст,
Сурати бемунтаҳоро қобил аст.
Аҳли сайқал растаанд аз бўю ранг,
Ҳар даме бинанд хубӣ бедиранг.
Марг, к-ин ҷумла аз ў дар ваҳшатанд,
Мекунанд ин қавм бар вай ришханд.
Кас наёбад бар дили эшон зафар,
Бар садаф ояд зарар, на бар гуҳар.
Гарчи наҳву фиқҳро бигзоштанд,
Лек маҳви фақрро бардоштанд.
То нуқуши ҳашт ҷаннат тофтаст,
Лавҳи дилшонро пазиро ёфтаст.
Сад нишон доранду маҳви мутлақанд,
Чӣ нишон? Бал айни дидори Ҳақанд.
Румиёни наққош монанди сўфиён ростгў ҳастанд, ки китоб нахондаву дарс наёмўхта ва ҳунар нашинохта, бо синаи софу холӣ аз рашку тамаъ, кинаю бадхоҳӣ ҳама чизро мебинанду нахонда медонанд ва наомўхта огоҳанд. Дилро аз кина пок кардаанд, то ҳақиқат дар он инъикос гардад. Ақл дар ин ҷо хомўш аст. Агар сухане гўяд, онҳоро, ки ранг аз дил пок кардаанд, гумроҳкунанда аст аз рангу бў растаанд, зоҳири донишро раҳо карда, ба ҳақиқати аслӣ расидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё