МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Панҷи Амударё, яъне фақат дар номи рўди Вахш боқӣ монд, вале худи ҳамин далели он аст, ки маҳз дар ҳамин ҷо, дар ҷануби Тоҷикистон эътиқод ба руҳи парастори оби наҳрҳо – Оахшо (Вахш) махсусан пойдор мондааст».
Ногуфта намонад, ки номи рўд ва мавзеи кунунии Ёхсу низ аз вожаи «вахш» бармеояд. «Охшо» ё «Вахш»
оҳиста-оҳиста ба тарзи «Охсу» ё худ «Ёхсу» табдил ёфтааст ва ба ибораи туркии «Оқсу» («Оби сафед») робитае надорад, зеро дар саргаҳи рўди Ёхсу деҳае ҳаст бо номи «Яхшо», ки бори дигар ба решаи «Вахш» доштани ин номи ҷуғрофӣ далолат мекунад. Ноҳияи Файзободи имрўзаи Тоҷикистон дар замонҳои қадим «Вашгирд» ном дошт. Ба андешаи инҷониб, ҷузъи «Ваш» шакли кўтоҳгардидаи калимаи «Вахш» аст ва «гирд» ба маънои шаҳр аст (калимаи «град»-и русӣ низ бо вожаи «гирд»-и форсӣ ҳамреша аст ва дар замонҳои қадим дар Эронзамин бо чунин ҷузъи номӣ шаҳрҳо хеле зиёд буданд, ба мисли Сиёвушгирд ва ғайра), яъне, бо итмонони комил гуфта метавонем, ки Вашгирди бостонӣ ҳамон Вахшгирд–шаҳри Вахш аст, ки дар лаби рўди ҳамноми худ бунёд ёфта буд.
Дар сарчашмаҳои баъдиисломӣ ном ва мулки Вахш борҳо зикр гардидааст. Аз ҷумла дар қадимтарин сарчашмаи ҷуғрофӣ ба забони форсии дарӣ – «Ҳудуд-улолам» (қарни даҳи милодӣ) дар чанд маврид дар бораи рўд, кўҳ ва мулки Вахш маълумоти пурарзиш дода шудааст: «Ва дигар рўдест, ки ўро Вахшоб хонанд, аз кўҳи Вахш биравад ба наздикии Вахш, ба Ҷайҳун афтад». Дар боби «Сухан андар ноҳияти ҳудуди Мовароуннаҳр ва шаҳрҳои вай» роҷеъ ба шаҳрҳо, сокинони диловар ва тирандозу ҷангии онҳо чунин гуфта шудааст: «Ҳаловард2 қасабаи Вахш аст, шаҳрест бокишту барз ва рустоҳои бисёр ва мардуми тирандозу ҷангӣ. Леваканд аз Вахш аст, ҷоест, ки аз вай гўспанди вахшӣ хезад».
Ба гуфти олими бостоншинос, доктори улуми таърих В.С. Соловёв шаҳри Леваканд ё худ Левканд дар ҷойи имрўзаи маркази вилояти Хатлон–шаҳри Қўрғонтеппа воқеъ гардида буд, ки аз он танҳо ёдгории таърихии Теппаи Қўрғон боқӣ мондаасту бас, вале академик В.В.Бартолд ақидаи дигар дорад, ки шаҳри Левканд ё Леваканд дар наздикии деҳаи Сангтўдаи лаби рўди Вахш ҷойгир буд. Шояд шаҳри Қўрғонтеппа ҳамон шаҳри қадимаи Вахш аст ва мебояд, ки дар оянда номи аслии он барқарор карда шавад, вале ин қазияи илмӣ то ба ҳол ба таври ниҳоӣ ҳал нашудааст, бинобар ин, дар тағйир додани номи шаҳри Қўрғонтеппа набояд шитоб кард.Бояд гуфт, ки номи шаҳри Қўрғонтеппа ҳам беш аз сесад сол таърих дорад ва асли он ҳам ориёист, на туркӣ. Калимаи «қўрғон» ҳамон вожаи «кургон» аст, ки аз забонҳои қадими эронӣ ба забонҳои туркӣ гузаштааст ва дар забони русӣ дар шакли «курган» роиҷ аст.
Дар Эрон шаҳрест бо номи Гургон, ки решааш ҳамон калимаи «кургон» аст, ки маънои диж ва қалъаро ифода мекунад. Калимаи «теппа» низ сирф калимаи тоҷикист.
Алҳол дар болои теппаи ин шаҳри бостонӣ осорхонаи таъриху кишваршиносии «Бибихонум»-и шаҳри Қўрғонтеппа ҷойгир аст. Ҳаловард маркази мулки асримиёнагии Вахш буда, дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (ҳоло ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа дар байни мардум ва маъхазҳои илми бостоншиносӣ роиҷ аст.
1 . Бобоҷон Ғафуров. Тоҷикон. Таърихи қадимтарин, қадим ва асри миёна, китоби якум, Душанбе: Ирфон, саҳ.124.
2 . Ҳаловард – ноҳияи кунунии Колхозобод, ки ба муносибати 800- солагии мутафаккири бузург Ҷалолиддини Румӣ номгузорӣ шуд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё