МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Бояд гуфт, ки дар байни мардум ақидаи ноду- русте роиҷ аст, ки гўё водии имрўзаи зарнисори Вахш дар гузашта, яъне то Инқилоби Бухоро як мавзеи ноободу касногузар, ақибмондаву камаҳолӣ, найзору ботлоқзор буд ва танҳо дар солҳои сиюми қарни бист, яъне даврони шўравӣ обёриву обод ва ба макони «тиллои сафед»
ва дигар анвои зироату меваҷоти шаҳдбор табдил дода шуд.
Оё чунин пиндор ва андеша ҳақиқати илмиву таърихӣ дорад? Беҳтараш, барои ба ин суолҳо посухи дақиқ пайдо кардан, саҳифаҳои таърихи ин водии зарнисорро лаҳзае варақ занем.
Нахуст бояд дар бораи номи ин сарзамин сухан ронд, ки он кай пайдо шудааст ва чӣ маъно ва мафҳумро ифода мекунад. Ба ақидаи олимони таърихшинос ва забоншинос калимаи «Вахш» вожаи сирф форсии тоҷикӣ буда, дар замонҳои хеле қадим пайдо шудааст.
Нахустин муҳаққиқе, ки маънои калимаи мазкурро дар қарни бистум ҷустуҷў карда, шарҳ додааст, устоди зиндаёд Садриддин Айнӣ мебошад. Ў дар рисолаи илмии худ «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ» қайд кардааст, ки ин шоири маъруфи ҷаҳонгард водии Вахши тоҷиконро низ саёҳат карда будааст. Шайх Саъдии Шерозӣ дар яке аз ҳикояҳои «Бўстон» аз мулки Вахш ёдовар шудааст:
Шунидам, ки дар хоки Вахш аз меҳон Яке буд дар кунҷи хилват ниҳон.
Шунидам, ки бигрист донои Вахш,
Ки, ё Раб, мар ин мардро ту бибахш.
Гуфтан бамаврид аст, ки дар солҳои сиюму чилуми қарни бист бархе адибон номи водӣ ва рўди Вахшро шакли вайроншудаи «ваҳш»-и арабӣ мепиндоштанд ва маънидод мекарданд. Тибқи ин пиндори ғалат, гўё ин сарзамин аз замонҳои қадим нообод буд, аз ин рў, онро чун макони вуҳуш – «Ваҳш» номиданд ва рафта–рафта ба «Вахш» табдил ёфт.
Устод Садриддин Айнӣ дар тавзеҳи ду байти мазкури Шайх Саъдии Шерозӣ ин ақидаи ғалатро рад намуда, дар рисолаи номбурдааш чунин менависад:
«Баъзе шарқшиносон калимаи «вахш»-ро вайроншудаи калимаи «ваҳшӣ»-и арабӣ фаҳмида, бо як эзоҳи хато вайро «ваҳшӣ» маънидод мекунанд. Дар ҳақиқат, «вахш» калимаи тоҷикии қадим – суғдӣ буда, маънояш «ибтидо» ва «оғоз» аст, ҳам номи шаҳрест дар канори оби Вахш, ки аз ҳама ободониҳои ин сарзамин пештар ва аввалтар бино ёфта буд. Ин шеъри Саъдӣ ҳам ҳаминро тасдиқ мекунад, чунки Саъдӣ дар ин шеър аввалан «хоки Вахш» гуфтааст, ки «мамлакати Вахш»
гуфтан аст, дуюм, ў ин калимаро бо «бахш» ҳамқофия карда, ба «ваҳшхонон» ҳеҷ роҳ нагузоштааст»1.
Академик Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари худ «Тоҷикон» калимаи «Вахш»-ро чунин шарҳ додааст:
«Охшо», «Оахшо», шубҳае нест, ки ин калима аз вожаи эронии «вахшу» бармеояд. Ба авестоӣ «вахш» «гапи гуфта» буда, дар суғдӣ ба маънои «логос» меояд. Дар забонҳои миёнаи эронӣ ин калима «рўҳе»-ро ифода мекард, ки баъзан ба оби ҷорӣ алоқаманд мебошад. Дар маъхазҳои ҳиндӣ «вахшу»-ро бо номи «Оксус» медонистанд. Дар ибтидои қарни XI Абўрайҳони Берунӣ хабар медиҳад, ки хоразмиён «Вахшҳангом» ном ҷашне доранд ва илова мекунад «Вахш» номи фариштаест нозири дарё, аз ҷумла рўди Ҷайҳун». Дар давраи баъдинаи асрҳои миёна ва дар рўзҳои мо номи қадимаи рўди Ому фақат дар шохоби
1 . Садриддин Айнӣ. Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ. Куллиёт, ҷилди 2, китоби якум, Душанбе: Нашдавтоҷ, 1963, саҳ.126.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё