МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Дар сарчашмаҳои таърихии минбаъда низ дар бораи Вахш маълумоти фаровон зикр гардидааст. Аз ҷумла ахбори олими маъруфи тоҷик Абўрайҳони Беруниро дар ин бора аз китоби «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров дар боло овардем. Дар аксар луғатҳои тафсирии қадими форсӣ, аз ҷумла «Бурҳони қотеъ» ва «Ғиёс-уллуғот» роҷеъ ба Вахшонзамин ва рўди Вахш маълумоти арзишманд дода шудааст.
Номи Вахш дар осори адабӣ низ ба чашм мерасад.
Бисёр адибони гузаштаи форсу тоҷик, амсоли Рўдакӣ, Фирдавсӣ, Шокири Бухороӣ, Носири Хусрави Қубодиёнӣ, Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ, Саъдии Шерозӣ ва дигарон дар осори худ ин сарзамини бостониро зикр кардаанд. Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мулки Вахш дар гузашта ободу маъмур буда, дар байни илму адаб шуҳрати зиёд доштааст.
Таърих гувоҳ аст, ки Вахшонзамин аз замонҳои қадим то қарни сездаҳи милодӣ водии ободу маъмур ва сарсабз будааст. Ковишҳои бостоншиносӣ ва сарчашмаҳои таърихӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки мулки Вахш қисмати таркибии Бохтар ё худ Тахористони қадим ба шумор рафта, дар замони давлатдории Бохтар, Юнону Бохтар, Кушониён, Ҳайтолиён, Хилофати Исломӣ, Сомониён, Ғазнавиён, Салҷуқиён яке аз сарзаминҳои ободу сернуфузи Бохтарзамин ба ҳисоб мерафт. Дар ин водӣ шаҳрҳои бузургу дорои тамаддуни олӣ ва пешрафта арзи вуҷуд намуда буд. Шаҳрҳои Вахшгирд, Вахш, Кайқубодшоҳ, Навдиз, Шаҳритўс, Айваҷ1, Ҳаловард, Леваканд ва ғайра аз таърихи куҳан ва тамаддуни ғании ин мулки бостонӣ шаҳодат медиҳанд. Олимони бостоншинос дар замони Шўравӣ дар харобаҳои шаҳрҳои мазкур ҳафриёт гузаронида, осори зиёди гаронбаҳои моддӣ ва маънавӣ пайдо намуданд. Ба ин ёдгориҳои таърихии Тахти Қубод, Қалъаи Мир, Теппаи Шоҳ, Тахти Сангин, Кайқубодшоҳ, Бешкентқалъа, Кофирқалъа, Қалъаи Золи Зар, Аҷинатеппа, Уштурмулло, Мунчоқтеппа, дайри будоии мағокии Хоҷамастон ва ғайра мисоли равшан аст. Чунон ки ёдовар шудем, пойтахти асримиёнагии мулки Вахш – шаҳри Ҳаловард дар наздикии маркази ноҳияи Колхозобод (алҳол ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ) воқеъ гардида буд ва харобаҳои он бо номи Кофирқалъа машҳур аст. Баъди футуҳот ва густариши дини ислом маркази мулки Вахш ба мавзеи Узуни ҳамин ноҳия интиқол ёфт ва дар сарчашмаҳои таърихӣ низ бо исми Ҳаловард ёд мешавад. Дар ин шаҳр дар қарнҳои ёздаҳу дувоздаҳи милодӣ тангаҳои тиллоӣ сикка зада мешуданд, ки дар болои онҳо бо ҳуруфи арабӣ калимаи «Вахш» сабт гардида буд. Ин шаҳр низ дар замони истилои муғул батамом вайрону хароб гардид ва боқимондаи он имрўз бо номи қалъаи Золи Зар дар байни мардум машҳур аст. Сокинони аслӣ ва бумии ин сарзамин бохтариёни қадим буданд, ки дар ташаккули халқи тоҷик нақши бузург бозидаанд.
Вахшонзамин то давраи истилои муғул соҳиби тамаддуни пешрафта ва олӣ буд. Дар ин водӣ на танҳо олимону донишмандон, хушнависону ҳунармандон, меъморону наққошон, балки адибони барўманде низ зиндагӣ ба сар мебурданд. Азбаски мулки Вахш порае аз қаламрави давлати паҳновари Бохтар ба ҳисоб мерафт ва маркази он шаҳри бостонии Балх буд, бинобар ин, аксари адибони ин водӣ дар сарчашмаҳои таърихӣ бо нисбаи «Балхӣ» ёд шудаанд. Аз байни адибон ва донишмандони бузурги Вахшонзамин ду нафар на танҳо дар адабиёти форсизабон, балки дар адабиёти ҷаҳонӣ шуҳрати зиёд ва мақоми баланд доранд. Ин ду тан яке Носири Хусрави Қубодиёнӣ ва дигаре Мавлоно Румӣ ё худ Мавлоно Ҷалолиддини Балхии Вахшонӣ мебошад.
1 . Айваҷ – шакли кўтоҳшудаи сарзамини Арайнавайҷаи (Эронвичи) бостонӣ – ватани нахустини ақвоми ориёӣ.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Дунё