Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба фикри чораи халосии дарвеш аз қарзаш афтод ва қарор дод, ки бо кўмаки мардум ин корро анҷом диҳад. Бо ин мақсад дар шаҳр мегашт ва қиссаи қарздории дарвешро ҳикоят мекард ва аз ҳама ёрӣ мепурсид. Аммо аз сад динор бештар ҷамъ карда натавонист, ки ин миқдор дарди дарвешро даво намекард. Қарор дод, ки ўро дилдорӣ намояд. Ба ў мегуфт:
–Огоҳ бош, ҳар чӣ ҳаст аз Худованд мерасад, аммо бо сабабу василаи лутфи Парвардигор ин корҳо сурат мегиранд. Дар нисбати ту муҳтасиб васила будааст ва бояд, ки ҳаққи ўро ба ҷо биёрӣ, чаро ки шукри меҳрубониҳою дастгириҳои халқ – шукри Холиқ аст.
Худо эҳсон мекунад ва ин некўӣ ба воситаи дигарон ба одамӣ мерасад.
Бо ин суханон дарвешро бар сари гўри муҳтасиб бурд ва ўро насиҳат кард, ки дар ёд дорад: шукри халқ– шукри Парвардигор аст.
Рўзи қиёмат Худованд аз банда мепурсад, ки барои ман чӣ кор кардӣ?
Банда мегўяд:
–Шукри сипоси туро ба ҷо овардам.
Худованд мегўяд:
–Чун аз касе, ки ба ту меҳрубонӣ кардааст, сипосгузорӣ накардаӣ, шукри маро ба ҷо наёвардаӣ!
Гўядаш Ҳақ: «Ту накардӣ шукри ман,
Чун накардӣ шукри он икрому фан.
Бар кариме кардаӣ зулму ситам,
На зи дасти ў расидат неъматам?»
Дарвеш ба гўри муҳтасиб расид ва шурўъ ба гиряю зорӣ оғоз кард ва гуфт:
–Ту умеди дармондагон будӣ ва то ҷое, ки метавонистӣ, онҳоро дастгирӣ менамудӣ. Ман ҳам сипосгузори муҳаббату саховати ту ҳастам.
Ту куҷоӣ, то маро хандон кунӣ,
Лутфу эҳсон чун худовандон кунӣ.
Ту шудӣ сўйи Худо, эй муҳтарам,
Пас ба сўйи Ҳақ равам ман низ ҳам.
Чун он дарвеши ғарибу марди мададгор аз сари гўри муҳтасиб бозгаштанд, мададгор ўро ба хонаи худ бурд ва пазироӣ карду ҳамон ҷо хобонид. Ҳамон шаб мададгор муҳтасибро дар хоб дид, ки ба ў гуфт:
–Ман гуфтугўйи туро бо дарвеш шунидам, аммо дар ҳолати доштаам, барои гуфтани фикру андешаам иҷозат надорам. Зеро пас аз марг пардаҳо аз пеши чашми мо дур мешаванд ва ҳама чизро мебинему мефаҳмему медонем, вале лаб кушода наметавонем.
Муҳтасиб дар хоб ба мададгор гуфт:
–Акнун ба ман гўш бидеҳ! Ман ду сол пеш аз мурданам аз ҳолу кори дарвеш огоҳ будам ва медонистам, ки қарздор аст. Ба ин сабаб дар дафтари худ ёддошт кардам ва мунтазир будам, ки дарвеш биёяд ва бо дасти худам қарзи ўро бидиҳам, аммо марг муҳлат надод. Ман барои ў чанд гавҳари гаронбаҳо дар хонаи худ пинҳон кардаам. Қимати онҳо зиёдтар аз қарзи ўст, ҳамааш моли вай аст:
Баҳри ў бинҳодаам он аз ду сол,
Кардаам ман назрҳо бо Зулҷалол.
Мард аз хоб бедор шуд ва хоби худро ба дарвеш гуфт. Иттифоқ карданд, ки ба хонаи муҳтасиб бираванд ва ҷойи пинҳонкардаи гавҳарҳоро ёбанд. Чунин ҳам карданд. Ҳамин тариқ, муҳтасиби накўкор пас аз марг низ ба ёрии дарвеш омад ва ҳамчунон ки дар зиндагонӣ ўро дастгирӣ карда буд, баъд аз мурдан ҳам ўро ёрӣ дод, ки ҳам қарзҳояшро адо кунад ва ҳам аз моли дунё бениёз гардад.

пешина
аз 298
навбатӣ