Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
ПОДШОҲ ВА ФАҚЕҲ
Подшоҳе базме барпо намуд ва бо нўшидани шароб сархушӣ мекард. Муллое аз дари қасри ў мегузашт.
Шоҳ ўро диду фармон дод, ки вайро наздаш биёранд, то дар шодию сурури шоҳ шарик шавад.
Чун муллоро пеши шоҳ оварданд, фармон дод, ки ба ў ҳам шароб бидиҳанд. Марди фақеҳ гуфт:
–Ман ҳеҷ гоҳ шароб нахўрдаам ва онро ҳаром медонам. Агар ба ҷойи шароб ба ман заҳр бидиҳед, бароям хуштар аст.
Шоҳ гуфт:
–Шаробаш бидиҳед ва гармаш кунед, то хушҳол шавад.
Фақеҳ фарёд мезад, ки нахоҳам нўшид. Шоҳ исрор кард ва мулло инкор. Кор то ба ҷое расид, ки мулло фарёд зад, ки маро бикушеду шаробам надиҳед. Шоҳ ба соқӣ гуфт:
–Бо зурӣ бошад ҳам, бояд ўро шароб бинўшонӣ!
Соқӣ ҳам дар оғоз бо забони хуш ўро ба нўшидан даъват кард ва чун мулло қабул накард, озораш дод ва чанд силӣ ба рўяш зад, то ин ки он мард аз тарси шиканҷа ночор тан ба нўшидан дод. Ҷоме ду-се чун нўшид, сармасту хушҳол шуду дунё дар назараш дигаргун гардид, ту гўйӣ на дине дошт ва на ҳаромеро мешинохт. Шурўъ ба рақсу пойкубӣ намуд ва дар сурудхонӣ бо аҳли маҷлис ҳамовоз гардид. Дар ҳоле ки сарро аз по фарқ намекард, бархосту ба дастшўйӣ рафт.
Дар роҳ канизаки монанди моҳ зебоеро дид ва на бо як дил, балки бо сад дил ошиқи ў шуд.
Чун бидид ўро, даҳонаш боз монд,
Ақл рафту тан ситампардоз монд.
Хост, ки ўро ба зўрӣ дар оғўш бигирад, канизак фарёд баровард ва барои халосии худ ёрӣ талабид, вале мулло даст боз намедошт. Мастию шаҳвати айш бо ҳам як шуда буд ва зани зеборо раҳо накарда, ўро чун хамир бо дастҳояш мефишурд.
Доду фарёди онҳо шоҳу ҳамроҳонашро ба берун овард ва ҳамин ки шоҳ аз моҷаро огоҳ шуд, хашмнок шуда, чашмаш хун гирифт ва хост, ки ҳардуро бикушад. Муллоро, ки аз тарс ҳушёр шуда ба фикри наҷоти ҷони худ буд, барҷасту як пиёлаи пури шаробро аз дасти соқӣ рабуда, якбора дам кашид ва рақскунон ба соқӣ гуфт:
–Чаро ба шоҳ шароб намедиҳӣ? Зуд бош! Ба зўр ҳам, ки бошад, ўро аз шароб серобу сармаст кун, то хушҳолу сархуш шавад!
Шоҳро аз шунидани ин амр ханда омад ва канизро ба мулло бахшид. Гуфт:
–Ҳарду бираведу ҳаёти хуш гузаронед. Ман подшоҳи одил ҳастам. Ҳар чӣ худам мехўрам, ба дигарон ҳам медиҳам ва ҳар чӣ ба худ раво медорам, дар ҳаққи дигарон ҳам раво хоҳам дошт:
Подшоҳам, кори ман адл асту дод,
З-он хурам, ки ёрро ҷудам бидод.
Он чӣ онро ман нанўшам ҳамчу нўш,
Кай диҳам дархурди ёру хешу туш?
З-он хуронам ман ғуломонро, ки ман
Мехурам бар хони хоси хештан.
З-он хуронам бандагонро аз таъом,
Ки хурам ман худ, зи пухта ё ки хом.
Ман чу пўшам аз хазу атлас либос,
З-он бипўшонам ҳашамро на палос.

пешина
аз 298