Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Дастбаста сўйи девон омаданд,
В-аз наҳеби ҷони худ ларзон шуданд.
Чун дуздон ба ҳузури шоҳ омаданд, он ки чашмаш ҳар киро шаби торик медид, рўз ба хубӣ мешинохт, султонро дар тахт дид ва донист, ки шарики шабрави дишаба ўст ва ба ҳамин сабаб гирифтор шудаанд.
Шоҳро бар тахт диду гуфт: «Ин Буд бо мо дўш шабгарду қарин.
Он ки чандин хосият дар риши ўст,
Ин гирифти мо ҳам аз тафтиши ўст».
Пеши худ гуфт:
–Худоё, оне ки овози ҳайвонотро мефаҳмид, аз овози саг шоҳро шинохт. Ман, ки чашмам чунин мебинад, ўро дар маснади шоҳӣ дида будам. Мо дуздонро ҳунарҳоямон бо ҳам гирд оварда буд ва қудрату тавоноие доштем. Аммо ин ҳунарҳо чун дар роҳи нек набуданд, моро гирифтор сохтанд:
Зарра-зарра, к-андарин арзу самост,
Ҷинси худро ҳар яке чун каҳрабост.
Аммо танҳо шоҳ буд, ки аз ҷинси мо набуд ва ҳунари ў бартар аз ҳунарҳои мо бояд бошад, зеро бо ҷунбиши риши ў гунаҳкорон аз ҷазоҳо раҳоӣ меёбанд.
Ҳар яке хосияти худро намуд,
Он ҳунарҳо ҷумла бадбахтӣ фузуд.
Он ҳунарҳо ҷумла ғули роҳ буд,
Ғайри чашме, к-ў зи шаҳ огоҳ буд.
Дар ин вақт чашми шоҳ ба онҳо афтод ва донист, ки он дузд ўро шинохтааст ва шарики шаби гузашта, мувофиқи ваъда, онҳоро аз ин гирифторӣ наҷот диҳад.
Султон Маҳмудро аз дидори онҳо шармаш омад ва гуфт:
– Ҳунарҳои дуздон сабаби бадбахтии онҳо шудааст, вагарна он ки аз овози саг шоҳро мешиносад, қадраш камтар аз саги Асҳоби Каҳф нест.
Саг чу бедор аст шаб чун посбон,
Бехабар набвад зи шабхези шаҳон.
Ҳин, зи бадномон набояд нанг дошт,
Ҳуш бар асрорашон бояд гумошт.
Ҳар кӣ ў як бор худ бадном шуд,
Худ набояд ном ҷусту хом шуд.
Эй басо зар, ки сияҳтобаш кунанд,
То шавад эмин зи тороҷу газанд.

пешина
аз 298
навбатӣ