МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Панҷумӣ гуфт, ки рўзии ман дар панҷаҳои ман аст, камандандози тавоное ҳастам ва ба ҳар деворе ба осонӣ мебароям.
Он гоҳ дуздон аз Султон Маҳмуд пурсиданд, ки ҳунари ту чист ва ба кадом кор машғулӣ?
Пас бипурсиданд з-он шаҳ, к-эй санад!
Мар туро хосият андар чӣ бувад?
Шоҳ гуфт:
–Ҳанари ман дар риши ман аст. Ҳар гоҳ онро биҷунбонам, ҳар гунаҳгоре, ки пойи дор бошад, халос хоҳад ёфт.
Муҷримонро чун ба ҷаллодон диҳанд,
Чун биҷунбад риши ман, онҳо раҳанд!
Дуздон шод шуданд ва гуфтанд:
–Чун ту рўзе сабаби наҷоти мо аз бадбахтӣ хоҳӣ шуд, туро сарвари худ интихоб мекунем ва бо ин қарор ба роҳ афтоданд, ки ба қасри шоҳ бираванд ва хазинаи ўро бидузданд. Ҳамагӣ ба роҳ даромаданд ва то назди девори қасри султон расиданд. Саге ав-ав кард. Он ки забони ҳайвонотро мефаҳмид, гуфт:
– Ин саг мегўяд, ки шоҳ дар миёни мост.
Он ки бўй мекард, гуфт:
– Бўйи хазинаи султонро дар наздикии ин девор мефаҳмам.
Он дигаре, ки камандандоз буд, ҳамаро ба хазинаи шоҳ расонид. Сипас нақбзан, деворро шикофт ва ҳама вориди хазина шуда, ҳама зару гавҳари бударо бардошта ба қароргоҳи худ рафтанд. Султон Маҳмуд ҳам аз қафои онҳо рафт, ки манзили онҳоро бидонад. Баъд фурсати муносиб ёфта, ба қасри подшоҳӣ баргашт ва фавран гурўҳи посдоронро фиристод, то дуздон ва молҳои дуздидаи онҳоро ба назди ў биёваранд. Сарбозон ҳамаашонро дастбаста пеши Султон Маҳмуд оварданд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо