Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ
СУЛТОН МАҲМУД ВА ДУЗДОН
Шаб чу шаҳ Маҳмуд бармегашт фард,
Бо гурўҳе қавми дуздон бозх(в)ард.
Шабе Султон Маҳмуди Ғазнавӣ барои огоҳӣ аз вазъи шаҳру мардумони он ба гардиши шабона рафта буд, ки ба дастае аз шабгардони дузд вохўрд. Онҳо аз ў пурсиданд, ки ў кист ва чӣ корааст.
–Ман ҳам мисли шумоҳо шабгардам.
Дуздҳо гуфтанд:
–Ту ҳам ба ҷамоати мо бипайванд.
Ў бо онҳо ҳамроҳ шуд. Чун ҷое ором гирифтанд, қарор шуд, ки ҳар кадом ҳунари хоси худро ҳикоят кунад. Он гоҳ бидонанд, ки дар ин бобат кӣ чӣ медонаду метавонад.
Он яке гуфт: «Эй гурўҳи макркеш!
То бигўяд ҳар яке фарҳанги хеш.
Аввалӣ гуфт:
– Ҳунари ман дар ду гўши ман аст. Ҳар садоеро бишнавам, ба мақсади соҳиби овоз пай мебарам ва ҳатто чӣ гуфтани сагу ҳайвоноти дигарро мефаҳмам.
Дувумӣ гуфт:
–Хосияти ман дар чашмҳои ман аст, ҳар касеро дар торикии шаб бинам, дар рўз ҳар куҷо бошад, ўро мешиносам.
Ҳар кӣ имшаб бинам андар қирвон,
Рўз бишносам ман ўро бегумон.
Севумӣ гуфт:
– Ҳунари ман дар бозуи ман аст, бо дастҳоям метавонам ҳар ҷо бихоҳам нақб бизанам.
Чаҳорумӣ гуфт:
–Бинии ман ҳар бўйро фарқ мекунад. Агар хокро бў кунам, медонам, ки чӣ маъдане дар зери он пинҳон аст ва агар ганҷе нуҳуфта бошад, ҷойи онро нишон хоҳам дод.

пешина
аз 298
навбатӣ