МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ин аҷаб набвад, ки кўр афтад ба чоҳ,
Булаҷаб афтодани бинои роҳ.
Ҳам бидонад, ҳам надонад дил фанаш,
Мум гардад баҳри он муҳр оҳанаш.
Ҳангоме ки подшоҳи Ҳабаш ба Макка ҳуҷум кард, пешопеши лашкараш филҳо ҷойгир буданд ва сардастаи филон фили сафеде буд. Чун наздики Макка расиданд, фили сафед истоду пеш нарафт, ҳарчанд кашиданд, бефоида буд. Ҳама хаёл карданд, ки пойи ў хушк шудааст ва марги ў наздик аст.Онҳо намедонистанд, ки дили фили сафед ба ҳуҷум кардани ў ба Макка ва хароб кардани он роҳ намедод. Ҳамин ки филбон сари ўро аз Макка ба сўйи Ҳабаш гардонид, фил ба роҳ афтод ва ҷон гирифт.
Бармегардем ба кори дўстон. Оқибат мушу чағз ресмоне ёфта, ҳар кадом сари ресмонро ба пойи худ баст ва ба ин васила ҳар гоҳ дилашон мехост, метавонистанд ҳамдигарро биёбанд ва дар соҳили ҷўйи об дидорбинии нав кунанд.
Рўзе муш ба ҷустуҷўйи дўсти худ дар қароргоҳ ҳозир шуд ва ресмонро кашид, ки чағзро хабар кунад.
Дар он ҳол зоғе аз осмон мушро дид ва ба сараш фурўд омада, ўро дар чанголи худ фишурду ба ҳаво парид.
Мардум диданд, ки зоғе дар чанги муш парвоз дорад ва бо ресмоне чағзро аз қафои худ дар осмон мебарад.
Ҳама ҳайрон буданду мегуфтанд:
–Чӣ гуна чунин коре имкон дорад?
Чағз ҳеҷ гоҳ сайди зоғ набудааст.
Чағз фарёд зад:
– Ин бало бар ман аз ёри ноҳамҷинс расид!
Эй фиғон аз ёри ноҷинс, эй фиғон,
Ҳамнишини нек ҷўед, эй меҳон!
Ман чағз будаму хонаам дар об буд. Маро бо муш, ки манзилаш дар хок аст, чӣ нисбат буд? Сазои ҳар касе, ки бо ноҳамҷинс ёр шавад, ҳамин аст!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо