Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Мехоҳӣ, ки як силие1 ба ту бизанаму имрўз як динор бидиҳам ё фардо се динор? Дарвеш гуфт, ки беҳтар мебуд агар дирўз ним динор, имрўз як динор ва фардо сад динор медоштам:
Силии нақд аз атои нася беҳ,
Ман қафо пешат кашидам, нақд деҳ.
Мушу чағз маслиҳат карданд ва чораҳо андешиданд. Дар охир бар ин қарор омаданд, ки ресмони дарозе пайдо кунанд. Як сари онро ба пойи муш ва сари дигарро ба пойи чағз бибанданд, то ҳар гоҳ ки дили муш танг шуду соҳили ҷўйи об омад, он ресмонро бикашад ва чағзро аз омадани худ огоҳ намояд.
То ба ҳам оем з-ин фан мо ду тан,
Андаромезем чун ҷон бо бадан.
Ҳаст тан чун ресмон бар пойи ҷон,
Мекашонад бар заминаш з-осмон.
Чағз (ғук) аз ин побандии хеш бо муш осуда набуд, зеро ўро ҳамҷинси худ намедонист ва дилаш намехост озодии худро аз даст бидиҳад. Аммо шарти дўстӣ набуд, ки дили дўсти худро бишканад, бо вуҷуди он ки дилаш қабули ин корро намепазируфт. Бисёр иттифоқ меафтод, ки одамӣ медонад, ки набояд ба ҷойи муайян биравад ё ба кори муайяне даст бизанад, қазову қадар кори худро мекунад ва одамиро бар хилофи майли худ ба сўе ё коре мекашад.
Ин дилам ҳаргиз намегўяд дурўғ,
Ки зи нури Арш дорад дил фурўғ.
Аммо дар баробари қазо коре аз дасти касе намеояд, чун қазо ояд, табиб аблаҳ шавад. Аз ин сабаб ҳам гоҳе нобиное аз чоҳ мегузараду бино дар чоҳ меафтад.

  1. Силӣ – шапотӣ задан.
пешина
аз 298
навбатӣ