МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Нарди дил бо ҳамдигар мебохтанд,
Аз васовис сина мепардохтанд.
Дар ин дидорбиниҳо дарди дил мегуфтанд ва қиссаҳо ҳикоят мекарданд, аз ҳар боб сухан меронданду хушу хуррам рўзгор мегузарониданд.
Ҷўши нутқ аз дил нишони дўстист,
Бастагии нутқ аз беулфатист.
Дил, ки дилбар дид, кай гардад туруш,
Булбуле гул дид, кай монад хамуш?
Рўзе муш ба чағз гуфт:
–Эй ёри гиромию доно, дили ман мехоҳад ҳамеша бо ту бошам ва ҳеҷ гоҳ аз бари ту дур нагардам. Аммо хонаи ман дар хушкӣ асту хонаи ту дар об. Ман ҳар гоҳ лаби ҷўйи об биёям, туро овоз медиҳам, вале ту овози маро намешунавӣ.
Вақтҳо хоҳам, ки гўям бо ту роз,
Ту даруни об дорӣ турктоз.
Бар лаби ҷў ман туро наъразанон,
Нашнавӣ дар об нолай ошиқон.
Чағз гуфт:
–Барои ҳамин ҳам мо вохўриҳоро дар соату ҷойи муайян қарор додаем. Аммо дили муш мехост, ки гоҳу бегоҳ, дам ба дам ба дидори ғук бишитобад.
Гуфт, к-эй ёри азизи меҳркор,
Ман надорам бе рухат як дам қарор.
Аз мурувват бошад ар шодам кунӣ,
Вақту бевақт аз карам ёдам кунӣ.
Ту дар шабонарўз фақат ҳангоми нимарўз вохўрӣ қарор додаӣ ва ман тоби дурӣ аз ту надорам. Акнун ту, ки зираку доно ҳастӣ, чорае биандеш, ки ҳар вақт дилам танг шавад, ба ту дастрасӣ дошта бошам.
Пулдоре ба дарвеш гуфт:

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо