Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Савганд хўрд, ки ҷуз кори кардааш ва сухани гуфтааш ҳақиқатан хаёли дигаре надошт.
Гуфт, ки ў асири дасти шоҳ аст ва ў ҳақ дорад ҳар балое хоҳад, ба сараш биёрад. Аммо беҳтар аст шитоб накунад ва пухтагӣ кунад, то бидонад, ки ман фармонбардори шоҳам ва қасди баде надоштаам. Агар гуноҳе карда бошам, вақт барои ҷазо ҳамеша ҳаст:
Чораи дафъи бало набвад ситам,
Чора эҳсон бошаду авфу карам.
Шоҳ гуфт:
– Ҳар кор мавқеъ ва ҷойи дорад. Некўии нобаҷо асари бад бар ҷой хоҳад гузошт. Ҳамчунон ки адл чизе ҷуз анҷоми кори бамавқеъе нест ва зулму ситам баръакси он аст, яъне анҷоми коре дар ғайри мавқеъ ва нобаҷо.
Далқак гуфт:
– Ман намегўям маро ҷазо надеҳ. Ман мегўям шитоб накун ва бо сабру ҳавсала ба сухани ман гўш деҳ, то хашми ту фурў нишинад. Он гоҳ ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун.
Ҳин, раҳи сабру тааннӣ дар мабанд,
Сабр кун, андеша мекун рўз чанд.
Дар ин хел кору дар ҳар кори дигар сабру машварат пўшаймонӣ намеоварад ва Худованд ҳам ба Паёмбари акрам (с) ҳамин дастурро додааст.

ДОСТОНИ МУШ ВА ЧАҒЗ
Як мушу як чағз1 дар соҳили ҷўйи обе бо ҳам вохўрданд ва дўст шуданд. Бо ҳам қарор доданд, ки дар вақти муайян дидорбинӣ кунанду аз дидори ҳамдигар шод шаванд.

  1. Чағз – ғуки обӣ, қурбоққа.
пешина
аз 298
навбатӣ