Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

–Лаънат бод бар ту бо ин шитобу ҳаросат! Мардуми бечораи шаҳрро ба тарс андохтӣ. Ба дили ман ҳам шўр афтод, ки ту чӣ хабаре оварда бошӣ? Кӣ аз ту хоста буд, ки ба Самарқанд биравӣ, ки бо чунин овозаю дарвоза барои он омадаӣ, ки ба ман хабари аз уҳдаи ин кор наомаданро бирасонӣ.
Вазири подшоҳ гуфт:
–Ман гумон мекунам, ки Далқак дар ҳақиқат мақсади дигаре доштааст ва чизи дигар ўро бо ин қадар шитоб ба дарбор кашидааст. Аммо ҳоло аз изҳори он пушаймон шуда, барои ин ки аз шоҳ мақсадро бипўшонад, дурўғ мегўяд. Вагарна одами доно ин қадар роҳро шитобон барои ҷавоби коре, ки аз ў нахостаанд ва ў наметавонад иҷро кунад, тай наменамояд. Бояд ўро шиканҷа кунем, то ҳақиқатро бигўяд. Далқак ин суханро шунид, рангаш парид ва нолаву зорӣ кард:
Гуфт Далқак бо фиғону бо хурўш:
«Соҳибо, дар хуни ин мискин макўш.
Бас гумону ваҳм ояд дар замир,
К-он набошад ҳаққу содиқ, эй амир!
Шаҳ нагирад он, ки меранҷонадаш,
Аз чӣ гирам он, ки механдонадаш?»
Гуфти соҳиб пеши шаҳ ҷогир шуд,
Кошифи ин макру ин тазвир шуд.
Гуфт: «Далқакро суйи зиндон баред,
Чоплусу зарқи ўро кам х(в)аред.
Далқак гирякунон мегуфт:
– Одамӣ иштибоҳ мекунад ва бо хаёлу ваҳму гумон ба назараш чизе мерасад. Дар ҳаққи ман гумони бад набояд бурд ва ман хаёли бад надоштам. Танҳо мехостам зудтар шоҳро аз нотавонии худ огоҳ созам.
Аммо шоҳ, ки аз кори масхарабоз сахт бесаранҷом шуда буд, панди вазирро қабул кард ва хост ба василаи ҷазо ҳақиқати хости Далқакро бифаҳмад. Бинобар гуфт, ки ўро шиканҷа кунанд, то ба фикри аслии ў пай баранд ё ў ба гуноҳи худ иқрор шавад. Далқак аз шоҳ хоҳиш кард, ки ба ў муҳлат бидиҳад ва бесабаб хуни бегуноҳеро нарезад.

пешина
аз 298
навбатӣ