Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бар шумо кард ў салому дод хост В-аз шумо чора, раҳи иршод хост.
Гуфт: «Мешояд, ки ман дар иштиёқ,
Ҷон диҳам, ин ҷо бимирам дар фироқ?
Ин раво бошад, ки ман дар банди сахт,
Гаҳ шумо бар сабза, гоҳе бар дарахт?
Инчунин бошад вафои дўстон?
Ман дар ин ҳабсу шумо дар гулситон?
Ёд оред, эй меҳон з-ин мурғи зор,
Як сабўҳӣ дар миёни марғзор».
Ёди ёрон ёрро маймун бувад,
Хоса, к-он Лайливу ин Маҷнун бувад.
Марди бозаргон чун ба Ҳиндустон расид, дар бешае ба дасти тўтиён бархўрду паёми тўтии худро ба онҳо расонид. Тўтиён шуниданд ва бар дурии дўсти худ ғусса хўрданд. Аммо яке аз он миён бо шунидани паёми тўтӣ дасту пояш ларзиду бар замин афтод ва нафасаш банд шуд. Бозаргон нигарон шуд, ки чаро он тўтӣ ҷон дод ва худро сарзаниш кард, ки кош паёмро намедодам.
Пас аз ин ки аз сафар омаду барои ҳар як аз хешону хидматгорон армуғон овард, ба қафаси тўтӣ наздик шуд ва шарҳи ҳол бигуфт. Тўтии ў ҳам чун достонро аз забони бозаргон шунид, танаш ба ларза даромад ва чун мурдае дар кунҷи қафас нақш бар замин шуд. Бозаргон афсўсхўрон даст бар сар мезаду мегуфт:
Лек чун гуфтам, пушаймонӣ чӣ суд?»
Нуктае, к-он ҷаст ногаҳ аз забон,
Ҳамчу тире дон, ки он ҷаст аз камон.
Вонагардад аз раҳ он тир, эй писар!
Банд бояд кард селеро зи сар,
Чун гузашт аз сар, ҷаҳонеро гирифт,
Гар ҷаҳон вайрон кунад, набвад шигифт.
Эй дареғо, мурғ, к-арзон ёфтам,
Зуд рўй аз рўйи ў бартофтам».

пешина
аз 298
навбатӣ