Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ва хаёл кард, ки ў ҳам шишаҳои равғанро шикастааст.
Бисёр касон ҳоли худро бо дигарон қиёс мекунанд ва аз шабоҳати зоҳир ба муҳокимаронӣ мепардозанд.
Чӣ басо, ки дар маънӣ ба якдигар қобили санҷиш набошанд. Мавлоно Румӣ ба бозгуфтани ин достонҳо масалҳои зиёдеро ҳам овардааст, монанди ин ки оби талху оби ширин ҳар ду ба зоҳир зулолу софу яксонанд, аммо дар чашидан тафовути онҳо намоён мегардад ё шўразору замини хуб ё намози мунофиқу муъмин. Монанди шикорчӣ, ки садои парандагонро тақлид мекунад ва парандаи ғофил ба тасаввури ин ки ҳамҷинси ўст, ба сўйи садо меравад ва дар дом меафтад. Чӣ басо, ки ҳарфҳо ва гуфтаҳои фиребандаи мардуми дағал бо фармудаи дурусткорон якҷўр бошад.
Чун басе Иблиси одамрўй ҳаст,
Пас, ба ҳар дасте нашояд дод даст.

ДОСТОНИ БОЗАРГОН ВА ТЎТӢ

Буд бозаргону ўро тўтие,
Дар қафас маҳбус, зебо тўтие.
Чунки бозаргон сафарро соз кард,
Сўйи Ҳиндустон шудан оғоз кард.
Ҳар ғулому ҳар канизакро зи ҷуд
Гуфт: «Баҳри ту чӣ орам? Гўй зуд».
Ҳар яке аз вай муроде хост кард,
Ҷумларо ваъда бидод он некмард.
Гуфт тўтиро: «Чӣ хоҳӣ армуғон,
К-орамат аз хиттаи Ҳиндустон?»
Гуфташ он тўтӣ, ки он ҷо тўтиён
Чун бибинӣ, кун зи ҳоли ман баён.
К-он фалон тўтӣ, ки муштоқи шумост,
Аз қазои осмон дар ҳабси мост.

пешина
аз 298
навбатӣ