Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

ДОСТОНИ МАРДИ БАҚҚОЛ ВА ТЎТӢ

Буд баққолеву вайро тўтие,
Хушнавое, сабз, гўё тўтие.
Бар дукон будӣ нигаҳбони дукон,
Нукта гуфтӣ бо ҳама савдогарон.
Дар хитоби одамӣ нотиқ будӣ,
Дар навои тўтиён ҳозиқ будӣ.
Баққоле дар дуконаш як тўтӣ дошт, сухангў ва нуктадон. Рўзе баққол дар сари кораш набуд. Тўтӣ аз сўе ба сўе парвоз мекард. Парҳойи ў ба шишаҳои равғани гул хўрд. Шишаҳо ба рўйи замин афтода шикастанду равғанҳо рехтанд. Баққол бозгашт ва чун он ҳол бидид, барошуфт ва мушти сахте бар сари тўтӣ кўфт, ба тавре ки мўйҳои сараш рехтанд ва кал шуд. Аз дарди он зарба муддате забонаш банд омад ва аз сухан гуфтан бозмонд. Баққол, ки ба ширинсухании ў хў гирифта буд, нигарони сухан кардани ў шуд ва аз карда пушаймон гардид. Худашро сарзаниш кард. Се рўзу се шаб гузашт ва тўтӣ як калом нагуфт. Саҳарӣ баққол дар дукон буд.
Марди бофандае бо сари бараҳна ва бемў аз назди дукони ў мегузашт. Истод ва нигоҳе ба тўтӣ андохт.
Чашми тўтӣ, ки ба ў афтод, ногаҳон ба сухан омад:
Омад андар гуфт тўтӣ он замон,
Бонг бар дарвеш зад чун оқилон.
К-аз чӣ, эй кал бо калон омехтӣ?
Ту магар аз шиша равған рехтӣ?
Аз қиёсаш ханда омад халқро,
К-ў чу худ пиндошт соҳибдалқро.
Кори поконро қиёс аз худ магир,
Гарчи монад дар набиштан шеру шир.
Тўтӣ аз дидани марди кал ўро ҳам бо худ қиёс кард ва пиндошт, ки корфармояш ба сари ў ҳам кўфтааст ва мўйҳояш рехтааст.

пешина
аз 298
навбатӣ