МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ҷавон, ки ин нуктаро дарёфт, донист, ки ишқи духтар ба ў пойдорӣ надошта ва дар доми рангу рў афтодааст. Ба ёдаш омад, ки худаш ҳам канизро то ҷавон ва шодоб буд, дўст дошт ва агар тамаъи молу давлати шоҳ набуд, дигар дар ранҷурӣ ва дардмандӣ бо ў ҳамсар намешуд:
Гарчи девор афганад сояй дароз,
Бозгардад сўйи ў он соя боз.
Ин ҷаҳон кўҳ асту феъли мо нидо,
Сўйи мо ояд нидоҳоро садо».
Ин бигуфту рафт дар дам зери хок,
Он канизак шуд зи ишқу ранҷ пок.
З-он ки ишқи мурдагон поянда нест,
З-он ки мурда сўйи мо оянда нест.
Ишқи зинда дар равону дар басар
Ҳар даме бошад зи ғунча тозатар.
Ишқи он зинда гузин, к-ў боқӣ аст,
В-аз шароби ҷонфизоят соқӣ аст.
Ишқи он бигзин, ки ҷумлай анбиё
Ёфтанд аз ишқи ў кору киё.
Ту магў: «Моро бад-он шаҳ бор нест»,
Бо каримон корҳо душвор нест.
Дар поёни достон Мавлавӣ ишора мекунад, ки табиб он марди заргарро барои хотири шоҳ накушт ва ба ў заҳр надод, чунон ки шоҳ мехост, балки ин ҳикоя намоёнгари ин аст, ки муҳаббате, ки барои зоҳиру сурат аст, аз даст рафтанист, ҳамин ки ҷавонию шодобӣ рафт, дандон рехт, мўйи сар сафед шуд ва рангу рухсора зард, муҳаббати маъшуқа ҳам поён меёбад. Ишқи ҳақиқӣ он аст, ки бо зардӣ ва сухану чеҳра каму беш нашавад, ранҷурию нотавонӣ ба он зиён нарасонад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё