Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ба подшоҳ ҳамаи саргузашти ўро гуфт ва супориш кард, ки он марди самарқандиро бо тадбиру бо пешкаши зарру сим ба назди худ биёварад, зеро дар вазъи ҳозири канизак ҷуз ба дидори ў дармон нахоҳад ёфт ва бими он аст, ки талаф шавад. Бинобар ин, ба дидори маъшуқ беҳбуд хоҳад ёфт. Он гоҳ бояд чорае андешид, то маъшуқ бемор шавад ва ҷамоли ў, ки сабаби дилбохтагии канизак шудааст, осеб бибинад. Дар он ҳол дур нест, ки ишқи канизак ба ў поён ёбад ва подшоҳ ба муроди дил бирасад.
Шоҳ ночор бад-ин кор ризоят дод ва пайке ба Самарқанд фиристод, то он марди заргарро пайдо кунанду назди шоҳ биёваранд. Ҳангоме ки ба дарбори шоҳ расид, ўро гиромӣ доштанд. Шоҳ ба гуфтаи табиб канизакро раҳо кард, то битвонад бо ошиқи худ ҳамсар шавад:
Шаҳ бад-ў бахшид он маҳрўйро,
Ҷуфт кард он ҳар ду суҳбатҷўйро.
Муддати шаш моҳ меронданд ком,
То ба сиҳҳат омад он духтар тамом.
Пас аз он шарбате сохт ва ба марди заргар дод. Чун нўшид, танаш бигудохт ва ҳолаш зор шуд. Андаке нагузашт, ки шодобӣ ва хубрўйиро аз даст дод.
Чун зи ранҷурӣ ҷамоли ў намонд,
Ҷони духтар дар вуболи ў намонд.
Чунки зишту нохушу рухзард шуд,
Андак-андак дар дили ў сард шуд.
Ишқҳое, к-аз пайи ранге бувад,
Ишқ набвад, оқибат нанге бувад.
Хун давид аз чашми ҳамчун ҷўйи ў,
Душмани ҷони вай омад рўйи ў.
Душмани товус омад парри ў,
Ҳар чӣ нохушии марди заргар шиддат меёфт, ишқи канизак ба ў коста мешуд.

пешина
аз 298
навбатӣ