МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ва бо ин гуфтор алафро канда фурў бурд:
Ки маро худ ҳоҷати таърих нест,
К-инчунин ҷисмеву олӣ гарданест.
ДОСТОНИ
ШОҲИ ТИРМИЗ ВА ДАЛҚАК
Саййиди Тирмиз, ки он ҷо шоҳ буд,
Масхарай ў далқаки огоҳ буд.
Подшоҳи Тирмиз дар Самарқанд кори муҳимме дошт ва хост як нафарро ба он ҷо бифиристанд, ки ў зуд бираваду кори ўро анҷом дода баргардад. Барои ин кор фармон дод, ки дар шаҳр фарёд бизананд ва ҳар кас омода ба рафтан бошад, биёяд ва аспу тўшаи раҳро бигирад. Ў далқаке дошт, ки ба деҳа рафта буд. Ҳамин ки ин хабарро шунид, савори асп шуда, бо шитоби тамом роҳи шаҳрро пеш гирифт.
Ҳамин ки ба шаҳр расид, ба дарбори шоҳ рафт ва бе таъхир ба ҳуҷраи ў расид. Мардумон, ки аз мунодии шоҳ хабари касеро ба Самарқанд фиристоданро шунида буданд, ҳоло бо шитоб вориди шаҳр шудани далқакро медиданд. Ў монанди касе, ки хабари муҳимме дорад ва аз сирри калоне огоҳ асту ба хеч кас сухан намегўяд ва масъала он қадар аҳамият дорад, ки шоҳ ҳам ўро бегуфтугў мепазирад. Бинобар ин, ҳама ҳаросону дилбагумон шуда, дар пайи донистани ин хабар ва дар интизори балое барои мардуми шаҳр шуданд. Аммо далқак бо ҳеч кас сухан намегуфт ва танҳо ба ҳузури шоҳ расидан мехост. Ў зуд-зуд нафас мекашид, ба подшоҳ гуфт:
–Иҷозат бидеҳ, нафасамро рост кунам ва сухан гуфтан битавонам. Охир ман фарсангҳо асп рондаам ва атрофи қаср давидаам, то суханамро ба ту бирасонам Баъди як соат, ки шоҳ аз ваҳму зан, Талх гашташ ҳам гулўву ҳам даҳан, Ки надида буд далқакро чунин, Ки аз ў хуштар набудаш ҳамнишин.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо