Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Бегуноҳеро ҳам бе ҳеҷ сабаб даҳ чўб заданд. Бечора хунрезону гирён фарёд мезад:
–То ин зулмҳои махфиро пайдо кардану бартараф намудан пеши ин зулмҳои ошкоратро бигир. Агар то масҷид рафтан ин кори хуби ту бо ин қадар зулм аст, пас кори бади ту чӣ гуна бошад? Ситамгар аз гург бадтар аст, зеро гург, агарчи ситамгар аст, он фарҳангу бадкирдорию фиреб доданро, ки дар одамӣ ҳаст, надорад:
Гург дарёбад валиро, беҳ бувад,
З-он ки дарёбад валиро нафси бад.
З-он ки гург арчи ки бас истамгарест,
Лекаш он фарҳангу кайду макр нест.
В-арна кай андарфитодӣ ў ба дом,
Макр андар одамӣ бошад тамом.
Тамоми фиребу ҳилаҳо дар одамон асту бас.
Он гоҳ қўшқор гуфт:
–Эй дўстон, ҳар кадоме дарозии умри худро бигўяд, то бидонем, ки кӣ бузургтар аст. Ман худам дўсту ёри қуче (қўшқоре) ҳастам, ки Иброҳим (а) ўро ба ҷойи Исмоил (а) қурбонӣ кард ва бо ҳам дар як чарогоҳ мечаридем.
Гов гуфт:
–Ман аз ту солхўрдатар ҳастам, зеро ҷуфти он гове ҳастам, ки ҳазрати Одам (а) ҷуфтронӣ кард. Ман ҷуфти он говам, ки падари одамиён маро ром намуд ва заминҳои худро кишт мекард.
Шутур ба суханҳои онҳо гўш карду гардани дарози худро поён кард ва қабзаи алафро аз замин канда, гарданашро боло кард ва дар ҳоли хўрдан гуфт:
–Ман бо ин ҷуссаву сару гардан ҳоҷат ба таърих надорам.
Чун ҳама кас донад, ҷон падар,
Ки набошам аз шумо ман хурдтар.

пешина
аз 298
навбатӣ