МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Сомирӣ, ки аз тиллоҳо гўсола сохт ё Қорун, ки ганҷҳои фаровон дошт, чӣ фоида бурданд? Ҳунар он аст, ки ба чашм битобад ва ба даст ламс шавад.
Пас, бигуфтандаш, ки валлаҳ хоби рост
Ту бидидӣ в-ин беҳ аз сад хоби мост.
ДОСТОНИ
ШУТУР, ГОВ ВА ҚУЧ
Шутуру гову қуче1 бо ҳам ба роҳе мерафтанд. Ба ҷое расиданд, ки як даста гиёҳ рўйида буд. Қуч гуфт:
–Агар ин алафҳоро байни якдигар тақсим кардан хоҳем, кироӣ нест ва ба касе кифоя намекунад. Беҳтар аст ин алафҳоро якеамон бихўрад, то сер шавад. Беҳтар аст муайян кунем, ки умри касе бештар аст, ҳамон алафро бихўрад. Зеро гуфтаанд, ки як шиками сер аз даҳ шиками гурусна беҳ аст. Ба илова, пайғамбарамон супориш додаанд, ки пирону бузургонро эҳтироми сазовор кунем:
Ки акобирро муқаддам доштан Омадаст аз Мустафо андар сунан.
Агарчи дар ин замона мардумони паст пиронро танҳо дар ду ҷо эҳтироми пешкорӣ медиҳанд, яъне ё барои чашидани хўроки бисёр гарм ё ҷойи дигар ҷиҳати гузаштан аз пулҳои хароб пеш мегузаронанд.
Касоне, ки ба зоҳир ба бузургону пирону раҳбарон эҳтиром мегузоранд, хубию бадиашон аз якдигар кам фарқ дорад.
Подшоҳе ба масҷид мерафт, ки зоҳиран ғами мардумро хўрдан мехост. Дар сари роҳ навкарон ва посбонон мардумро мезаданд, ки аз сари роҳи ў дур шаванд.
- Қуч– гусфанди нар, қушқор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо