МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Пас мусалмон гуфт: «Эй ёрони ман!
Пешам омад Мустафо, султони ман.
Пас маро гуфт, он яке бар Тур тохт Бо калими Ҳаққу нарди ишқ бохт.
В-он дигарро Исии соҳибқирон Бурд бар авҷи чаҳорум осмон.
Хез, эй пасмондаи дидазарар!
Боре он ҳалвою яхниро бих(в)ар».
Мусалмон гуфт:
– Муҳаммади Мустафоро хоб дидам, ки ба ман фармуд:
– Дўстони ту яке бо Мўсои Калим пайваст ва дигаре бо Исои Масеҳ дар Арши Худо ҳамроҳ шуд. Ту чаро бекор нишастаӣ? Бархезу ҳалворо бихўр, зеро он ду нафар бо пайғамбарону фариштагон ҳамкосаанд ва ба орзуҳои худ расидаанд.
Ман ҳам ба фармони Пайғамбари Худо ҳалворо нўши ҷон кардам.
Яҳудӣ ва насронӣ доду фарёд бардоштанду гуфтанд:
–Эй тамаъкори ҳарис, чӣ гуна ин корро кардӣ?
Мусалмон гуфт:
– Ту яҳудӣ, оё аз фармони Мўсо (а) саркашӣ мекунӣ? Ё ту, эй марди насронӣ, метавонӣ нишондоди Исоро (а) ношунида бигирӣ?
Ту, ҷуҳуд! Аз амри Мўсо сар кашӣ?
Гар бихонад дар хушӣ ё нох(в)ашӣ.
Ту, масеҳӣ! Ҳеч аз амри Масеҳ,
Сар тавонӣ тофт? Дар хайру қабеҳ.
Ман зи фахри анбиё сар чун кашам?
Хўрдаам ҳалвову ин дам сарх(в)ашам».
Аз ҷавобҳои мусалмон он ду ҳайрон, гуфтанд:
– Ба Худо, хоби ростро ту дидӣ, чаро ки асараш дар бедорӣ ошкор аст. Асли кор хидмат кардан аст. Хўйи хушу донишу чобукию ҳушёрӣ чӣ фоида дорад?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо