Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Ганҷ дар вайрона аст, чунон ки оби ҳаёт дар торикӣ аст.
Сўфӣ гуфт:
– Акнун, ки медонем, ҳар чӣ ҳаст аз як сарчашма аст, пас, чаро яке фоида бурд ва дигаре зиён? Яке ҳушёр асту яке маст? Яке заҳр асту яке нўш? Дар зарробхонаи Худо чаро як пул хуб асту яке дигар бад? Агар роҳ роҳи Худост, чаро яке рострав асту яке роҳзан?
Қозӣ гуфт:
–Ҳайрон машав, ки ин ҳама чунию чигунагии ихтилофу зиддият дар ҳақиқат кафи рўйи дарёст. Худованди бузург дар зоти худ ва дар кори худ на зидде дорад на мисле. Аз ин ҷиҳат аст, ки ҳамин мавҷудотро Ў ҷомаи вуҷуд пўшонидааст. Зид чӣ гуна зидди худро ба вуҷуд меорад? Балки зид аз зидди худ гурезон аст.

Мар туро ҳар захм, к-ояд з-осмон,
Мунтазир мебош хилъат баъд аз он.

Сўфӣ гуфт:
–Аҷаб мешуд, ки ин ҷаҳон пур аз осоишу раҳмат бошад: шаб чеҳраи рўзро напўшонад, таб тандурустиро аз миён набарад ва хазон сафои баҳорро ба дасти боди сард насупорад.
Қозӣ гуфт:
–Ту сўфии нодон ҳастӣ ва намедонӣ, ки корҳои Худованд бе ҳикмат нестанд:

Гар набудӣ гўшҳои ғайбгир,
Ваҳй н-овардӣ зи гардун як башир.

Ту қиссаи ҷомадўзонро нашунидаӣ, ки чӣ гуна ҷомаҳои барои дўхтан ба онҳо додашударо медузданд?
Шабе ҷамоате ҷамъ буданд ва гуфтугў доштанд. Сухан ба кори либосдўзон ва дуздии онҳо аз харидорони либосҳо расид.

пешина
аз 298
навбатӣ