Зеҳн
МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.

Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сухан дар бораи ин буд, ки онҳо дар дуздӣ чунон устоданд, ки то ҳол касе банди дасти онҳоро ҳангоми дуздӣ нагирифтааст.
Турке дар он ҷамъомад буд гуфт:
–Ман дуздро дар ҳолати дуздӣ хоҳам дошт.
Номдортарини дўзандаҳои шаҳр кист?
Гуфтанд:
–Марде аст номаш Пури Шиш, ки ҳам дўзандаи машҳур ва ҳам дузди қаҳҳор аст. Ҳеч кас то ҳол ўро дар дуздӣ ба даст наовардааст, зеро ки дар ҳушёрию чолокӣ аз ҳама мегузаронад.
Турк гуфт:
–Ман гарав мебандам, ки либосе пеши ў мебарам ва ў наметавонад як тори онро бидуздад.
Қарор шуд, ки агар ў шартро бохт, аспи савории худашро ба ҳозирони ҷамъомад медиҳад ва агар бурд, як асп аз онҳо бигирад.
Бомдоди рўзи дигар турк як либоси гаронбаҳоро хариду назди дўзанда рафт. Пури Шиш ўро дидан баробар аз ҷой бархост, салом карду бо гармию меҳрубонӣ ҳоли ўро пурсид ва ба қадре таърифи ўро кард, ки марди турк шефтаи ў шуд. Либосро доду гуфт, ки як либоси коромади ҳангоми ҷанг барои ў бидўзад. Устод либосро гирифт ва саргарми андозагирӣ шуд. Дар ҳамон ҳол қиссаҳои хандаовар барои хушомади турк мегуфт, ба тавре ки аз шунидани он қиссаҳо марди турк ба ханда афтод, дўзанда ҳамин ки чашмҳои танги турк бар асари ханда баста мешуданд, бо чобукӣ пораеро аз либос бурида, зери пой ва дар кисаҳои худ пинҳон мекард. Марди турк муштоқи шунидани қиссаҳои хандаовар шуд ва ғофил монд, ки дўзандаи чолок бо ин ҳилаву найранг либоси ўро медуздад. Дўзанда чор пора аз либос дуздида буд ва боз турки нодон хоҳиши қиссагўйӣ мекард, вале дили дўзанда ба ҳоли нодонии ў сўхт ва гуфт:

пешина
аз 298
навбатӣ