МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Сўфӣ гуфт:
–Пас, ту раво мебинӣ, ки ў маро бегуноҳ бизанад ва аз ҷазо ҳам халос шавад?
Қозӣ гуфт:
–Ҳукми қонун ва шаръро бар тавоно раво медонанд, на бар касе, ки дар ҳоли мурдан аст.
Сипас аз сўфӣ пурсид:
–Ту чӣ қадар пул дар киса дорӣ?
Сўфӣ гуфт:
–Дору надори ман шаш дирам аст.
Қозӣ гуфт:
–Се дирамаш барои худ нигоҳ дор ва се дирами дигарро ба ин бемор бидеҳ, ки бо он дирамҳо нону обе пайдо кунад.
Дар миёни гуфтугўйи қозию сўфӣ чашми бемор ба паси гардани қозӣ афтод. Дарёфт, ки пушти гардани ў барои силӣ муносибтар аз пушти гардани сўфӣ аст. Он гоҳ бо баҳонаи ин ки дар гўши қозӣ сухане мегўяд, ба ў наздик шуду силии сахте дар пушти гардани ў заду гуфт:
–Чун музди ҳар силӣ се дирам аст, он шаш дирамро ба ман бидиҳед, то пайи кори худ биравам.
Қозӣ аз кори кардаи ў хашмгин шуд, аммо сўфӣ огоҳ кард, ки хоҳу нохоҳ ҳукми додаат қабул будааст.
Бинобар ин, ҷуз ин ки он чӣ ба ман раво дидаӣ, ба худат ҳам раво дорӣ, чора надорӣ. Оё намедонӣ, ки дар чоҳи барои ман кандаат худат ҳам меафтӣ? Ин чӣ ҳукме буд, ки ту додӣ? Ба ҷойи ин ки дасти гунаҳгорро бибурӣ, ба ў се дирам додӣ. Акнун бояд ҳукми ботилатро бичашӣ!
Қозӣ гуфт:
–Бояд ба фармони Худованд хушнуд буд. Ҳар ғамею балое, ки мерасад, аз қазост ва рўй турш набояд кард. Чӣ басо нороҳатӣ, ки поёни он роҳате ҳаст, аз паси гиря ханда ва баъд аз ғам шодӣ ояд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо