МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Пеш аз ин ки амали ноҳақе кунӣ, поёни онро пеши чашм бояд биёварӣ.
Аввали саф бар касе монад ба ком,
К-ў нагирад дона, бинад банди дом.
Ҳаббазо ду чашми поёнбини род,
Ки нигаҳ доранд танро аз фасод.
Гар ҳамехоҳӣ саломат аз зарар,
Чашм з-аввал банду поёнро нигар.
Сўфӣ пеши худ гуфт:
–Ба як силии пуштигарданӣ сарамро ба бод нахоҳам дод. Беҳтар аст, ўро назди қозӣ бибарам, зеро ў тарозу дар адлу дод аст.
Дев дар шиша кунад афсуни ў,
Фитнаҳо сокин кунад қонуни ў.
Пас, марди беморро пеши қозӣ бурд ва саргузаштро боз гуфт. Аз ў хост, ки ҳукм ба ҳақ кунад ва ўро, ки бе гуноҳ силӣ задааст, ҷазо диҳад.
Гуфт:
–Агар қозӣ ўро чўб бизанад ва ў бимирад, бар қозӣ товон ҳам нест ва қасос ҳам надорад, зеро қозӣ фармони Худоро бар гунаҳгорон иҷро мекунад. Вале агар падаре писарашро бизанад ва ў бимирад, бояд товон бидиҳад, чунки барои хотири худаш ин корро кардааст.
Аммо агар омўзгор шогирдро танбеҳ кунад, ў товон намедиҳад, зеро ки муаллим барои парваришу тарбият танбеҳ мекунад, на аз рўйи ҳавою ҳавас ё хашму ғазаб.
Қозӣ гуфт:
–Ин мард ҳоли мурдаро дорад. Аз заъфу нотавонӣ ба мурдагон мемонад, мурдаро наметавон ҷазо дод.
Шояд ў аз нодорӣ ва дарвешӣ зору ранҷур шудааст.
Бар ў наметавон ҳукми қонунро иҷро кард.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо