МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ҳамчунон ки мо бодро намебинем, аммо вуҷуди ў аз парокандагии гарду ғубор дар ҳаво ва ҷунбиши баргҳо ошкор мешавад, ҳоли дилро набз бозгўй мекунад. Ҳамин тавр, мо Худоро намебинем, аммо аз гуфтори Паёмбару муъҷизаҳои ў пай мебарем, ки Офарандае ҳаст. Аз вуҷуди Офаранда низоми корҳо хабар медиҳанд. Ҳарчанд ки Ўро бо чашми одӣ намебинем, бо чашми ақлу хирад эҳсосу дарк мекунем.
Табиб чун дарёфт, ки ин бемор дармон нахоҳад шуд, пеши худ гуфт:
–Худованд дар ин ҳолат дастур додааст, ки ҳар чӣ мехоҳӣ, бикун. Чун бемор ба ҳар ҳол беҳбуд намеёбад, пас беҳтар аст, ки ҳар кори дўстдоштаашро бикунад, то пурармон ҷон насупорад.
Беморро аз гуфтаҳои табиб хушаш омад ва ба сайёҳат рафт. Ба соҳили дарёчае расид ва худро покиза мекард. Сўфӣ саргарми шустушў буд ва бемор пушти гардани ўро дид, ки барои задан бисёр мувофиқ аст.
Пас бар асоси гуфтаи табиб хоҳиши ба пушти гардани сўфӣ силӣ задан дар ў пайдо шуд. Ў гумон мекард, ки агар ҳар чӣ дилаш мехоҳад накунад, бемориаш дармон нахоҳад ёфт. Бинобар ин, сўфиро силие зад.
Бар ту ханданд, он ки гуфтаст ин давост,
Ўст к-Одамро ба гандум раҳнамост.
Сўфӣ баргашта ўро дид ва дашноме доду хост бо мушт ба сари ў бикўбад, лекин дид, ки бисёр нотавону бемор аст. Андешид, ки агар ўро бизанад, хоҳад мурд ва хунаш ба гардани ў хоҳад афтод. Он гоҳ қозӣ ўро ба қасос хоҳад кушт.
Мардумон дар пайи озори якдигаранд ва намедонанд, ки ҳар чизеро ба дигаре раво медонанд, ба худашон бармегардад. Ту, ки ба бегуноҳе силии пасигарданӣ мезанӣ, аз бар сари худат омадани ҳамон бало ғофилӣ.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо