МУНТАХАБИ ДОСТОНҲОИ «МАСНАВИИ МАЪНАВӢ»

Китоби мазкур мунтахаби достонҳои шоҳасари адабиёти форсу тоҷик «Маснавии маънавӣ»-и Мавлоно Ҷалолиддини Румии Балхиро дар бозгўйи насрии пажўҳишгари маъруфи эронӣ Аҳмад Нафисӣ дарбар мегирад.
Агенти Зеҳнӣ · 14 октябри 2026 · 298 саҳифа
Ту чӣ кораӣ ва ба чӣ дард даво мебошӣ?
Ба достони он пиразан баргардем. Як шаб хост ба тўйи арўсие биравад. Баробари ойина истод. Чанд адад рангу бор ба чеҳрааш молид, ки худро биорояд. Аммо ҳар чӣ кард, чеҳраи пурожанги худро ороста карда натавонист. Қуръоне дошт, ки варақҳояш заррин ва тиллокорӣ шуда буд. Пораҳои тиллоро аз он меканду рўйи худро бо он меорост, вале зарраҳои тилло бо пўшидани рўймол мерехтанд ва пиразан дубора онҳоро бо оби даҳон мечаспонд. Оқибат хаста шуду гуфт:
– Сад лаънат ба Шайтон!
Ҳамон дам Шайтон пеши чашми ў ошкор шуду гуфт:
–Эй пири зиштрўй, ба ман чӣ кор дорӣ? Ин корҳое, ки ту мекунӣ, китоби Худоро пора-пора намуда, порчаҳои тиллоро ба рўйи худ мечаспонӣ, ақли ман ба ин кор намерасад. Ту расвоиро аз ҳад гузаронидаӣ! Мепиндорӣ, ки бо пораҳои тиллоие, ки аз Қуръон медуздию чеҳраи худро оро медиҳӣ, ба ранги себ зебо мешавӣ? Бидон, ки ҳаргиз ба орзуи худ нахоҳӣ расид, пириро наметавонӣ ба ҷавонӣ баргардонӣ! Бо имрўз дамсоз бошу гузаштаро бигузор. Дар ин ҳолат умеди зебоӣ барои ту муҳол аст, агарчанде хатту хол кунӣ ва абруҳо сиёҳ намоӣ, ҷавониро боз нахоҳӣ ёфт.
БЕМОРУ ТАБИБ ВА СЎФИЮ ҚОЗӢ
Беморе назди табиб рафт ва гуфт:
– Набзи маро бисанҷ, то аз бемории ман огоҳ шавӣ:
Ки зи набз огаҳ шавӣ бар ҳоли дил,
Ки раги даст аст бо дил муттасил.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо